Хабарҳо
Шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» - 05.08.2020 09:46
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия - 05.08.2020 09:42
Ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 04.08.2020 14:26
Барои идомаи сохтмони хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб дар марҳилаи аввал 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст - 04.08.2020 09:54
6 август дар Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мешавад - 04.08.2020 09:50
Хуҷанд: Тақдими 150 адад либосҳои мактабӣ ба хонандагони ятиму камбизоат - 04.08.2020 09:45
Оғози корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ворух - 04.08.2020 09:41
Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод - 03.08.2020 23:23
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 15:11
Таҷрибаи оилаи Эмомовҳо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ аст - 03.08.2020 15:09

Баргузории конференсияи байналмилалии “Омилҳои гидроиқлимии истифодаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ”

( 0 Овоз )

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Омилҳои гидроиқлимии истифодаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ” баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси вилоят Рустам Каримзода низ ширкат варзид.

Тавре аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд, ин тадбир бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” роҳандозӣ шуд. Дар конференсия зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари оқилу дурандеш ва табиатдӯст ба масъалаи ҳифзи табиати нотакрори мо, аз ҷумла захираҳои об ҳамеша таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид карда буданд, ки «Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, обу ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад».

Ҳабибулло Амирбекзода, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, арз дошт, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масъалаҳоиглобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Зикр гардид, ки тағйирёбии иқлим моро водор месозад, ҷиҳати истифодаи самаранок ва оқилонаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумлаи обу замин таваҷҷуҳи хос зоҳир намоем.

Баъдан доктори илмҳои география, профессор Фазлиддин Ҳикматов аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, доктори илмҳои география, профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Ӯктам Муртазоев ва дигарон дар бобати пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ зери таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ, ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки оби ошомиданӣ, пешгирии таъсири манфии инсон ба муҳити зист баромад доштанд.

Маврид ба зикр аст, ки конференсия дар се бахш: “Идоракунии сарватҳои обии фаромарзӣ ва ҷанбаҳои географӣ-иқтисодӣ”, “Захираҳои табиӣ – манбаи рушди иқтисодиёт ва туризм дар Осиёи Марказӣ” ва “Омилҳои антропогении тағйирёбии иқлим, захираҳои об, ҳаво, замин” дар раёсати донишгоҳ ва факултети геоэкология ҷараён дошта, 130 маърӯза мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Хотирнишон менамоем, ки Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, дар солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 дар Маҷмаи Умумии СММ бо ҳамовозии 177 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шудааст. Иқдоми мазкур бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории конференсияи байналмилалии “Омилҳои гидроиқлимии истифодаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ”