Хабарҳо
Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибони озмунҳои вилоятӣ беш аз 137 000 сомонӣ мукофотпулиҳо тақдим кард - 17.01.2020 16:06
Қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” - 17.01.2020 16:02
Ба Ғолибони озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят” 25000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд - 17.01.2020 16:00
Ба маблағи 20,1 млн. сомонӣ 1481 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ харидорӣ гардид - 17.01.2020 13:27
Соли 2019 барои фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон 5,4 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд - 17.01.2020 11:19
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2020 10:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» Юан Син Мин - 16.01.2020 10:47
Сафари кории Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.01.2020 21:45
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ - 15.01.2020 16:48
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истгоҳи обполоиро дар КВД «Обу корези Душанбе» ифтитоҳ намуданд - 15.01.2020 12:43

Дар доираи маъракаи иттилоотии «16 рӯзи алайҳи хушунат» аксияи «Мо бар зидди зӯроварӣ» гузаронида шуд

( 0 Овоз )

Дар доираи маъракаи иттилоотии «16 рӯзи алайҳи хушунат», ки бо икдоми Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят эълон гардидааст, дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии Маркази иҷтимоии ҳуқуқии «Сарчашма» аз рӯи лоиҳаи “Ҷамъияти бехатар барои занон” дар Регистони Панҷшанбе таҳти унвони «Мо бар зидди зӯроварӣ» аксия гузаронида шуд.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз ташкил ва баргузории ин аксия ҷалби аҳли ҷомеа ба ин масъалаи мубрам, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва пойдории оилаҳо мебошад.

Дар аксия намояндагони Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, шӯъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд, волонтёрон, донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва кормандони Ташкилоти ҷамъиятии Маркази иҷтимоии ҳуқуқии «Сарчашма» иштирок намуданд.

Дар рафти аксия варақаҳои иттилоотӣ барои занон ва як донагӣ гули садбарг ба мардони роҳгузар бо мақсади ба ҳамсари худ изҳори муҳаббат намудан, тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар доираи маъракаи иттилоотии «16 рӯзи алайҳи хушунат» аксияи «Мо бар зидди зӯроварӣ» гузаронида шуд