Хабарҳо
Ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби даргузашти Гулназар Келдӣ - 13.08.2020 20:35
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот намуданд - 13.08.2020 16:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд - 13.08.2020 15:59
Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ​ китоби​ "Камол дар оинаи пажӯҳиш"​ —​ ро ба нашр расонид - 13.08.2020 15:57
Дар шаҳри Бӯстон Рӯзи кормандони соҳаи тибро ҷашн гирифтанд - 13.08.2020 13:08
Гулистон. Ба 70 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ дастрас карда шуд - 13.08.2020 08:45
Дар Хуҷанд ба фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ эҳдо шуд - 13.08.2020 08:42
Исфара. Гардиши хона ба хонаи табибон дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - 13.08.2020 08:40
Дар бинои нави Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд 85 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расид - 12.08.2020 10:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафар кард - 12.08.2020 10:14

Дар гузаргоҳҳои сарҳадии «Фотеҳобод»-и ноҳияи Мастчоҳ ва «Саразм»-и шаҳри Панҷакент нуқтаҳои нави хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

Дар назди гузаргоҳи наздисарҳадии «Фотеҳобод»-и ноҳияи Мастчоҳ нуқтаи нави хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ ба истифода дода шуд. Ҳамчунин ҳафтаи гузашта ҳамин гуна нуқтаи хизматрасонӣ дар гузаргоҳи наздисарҳадии «Саразм»-и шаҳри Панҷакент мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Тавре  аз Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят хабар доданд,  ба фаъолият шурӯъ намудани чунин нуқтаҳо бо мақсади рушди сайёҳӣ дар мамлакат роҳандозӣ гардида, натиҷаи ҳамкории шуъбаи милитсияи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ва ширкати алоқаи мобилии Tcell мебошад.

Дар маросими ба истифодадиҳии нуқтаҳои хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ кормандони масъули милитсияи сайёҳӣ ва роҳбарияти ширкати Tcell иштирок доштанд.

Нуқтаи хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ дар ноҳияи Мастчоҳ чорумин нуқтаи хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ дар вилояти Суғд аст, ки дари худро барои хизмат расонидан ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ боз намудааст. Дар ин нуқтаҳои хизматрасонӣ, ки дар мавзеъҳои намоёну дастрас ҷойгиранд, сайёҳи муроҷиаткунанда метавонад барои муоширати мобилӣ аз ширкати Tcell симкорти сайёҳии ройгон дастрас намояд.  Дар тавозуни он 100 дақиқа вақт барои зангҳои телефонӣ ва 100 мегабайт интернет барои истифода то ба охир расидани муҳлати раводид, ки 45 шабонарӯзро дар бар мегирад, мавҷуд аст. Ҳангоми дар қайд гузоштан муҳлат тамдид карда мешавад.

Ҳамзамон тариқи бастани шартомаи тарафайн бо шуъбаи милитсияи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ба сайёҳ хизматрасонии роҳбаладӣ аз ҳисоби кормандони милитсияи сайёҳӣ расонида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар гузаргоҳҳои сарҳадии «Фотеҳобод»-и ноҳияи Мастчоҳ ва «Саразм»-и шаҳри Панҷакент нуқтаҳои нави хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ ба истифода дода шуд