Хабарҳо
Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибони озмунҳои вилоятӣ беш аз 137 000 сомонӣ мукофотпулиҳо тақдим кард - 17.01.2020 16:06
Қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” - 17.01.2020 16:02
Ба Ғолибони озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят” 25000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд - 17.01.2020 16:00
Ба маблағи 20,1 млн. сомонӣ 1481 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ харидорӣ гардид - 17.01.2020 13:27
Соли 2019 барои фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон 5,4 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд - 17.01.2020 11:19
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2020 10:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» Юан Син Мин - 16.01.2020 10:47
Сафари кории Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.01.2020 21:45
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ - 15.01.2020 16:48
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истгоҳи обполоиро дар КВД «Обу корези Душанбе» ифтитоҳ намуданд - 15.01.2020 12:43

«Муҳоҷират ва сирояти Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)» - баргузории мизи мудаввар дар Истаравшан

( 0 Овоз )

Бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташаббуси бахши хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо ташкилоти байналмилалии Барномаи ICAP-и  Донишгоҳи Колумбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаҳвахонаи «Муродӣ»-и шаҳри Истаравшан дар мавзӯи «Муҳоҷират ва сирояти Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)» мизи мудаввар доир гардид.

Дар мизи мудаввар директори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим Парвина  Мухторова, директори Маркази вилоятии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО Фирӯз Комилов, ҳамоҳангсози миллии Барномаи ICAP-и Донишгоҳи Колумбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмумин Холов, директори Маркази шаҳрии пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО Машхудҷон Бобоев, кормандони шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, занон ва оила ва бахшҳои хадамоти муҳоҷират, ҷавонон ва варзиш, фаъолон, намояндагони ҷамоатҳои деҳоту кумитаи маҳаллаҳо ва васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода меҳмононро ба Истаравшан хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО ва ҳарчи зудтар ба ташхису табобат ҷалб намудани шахсони ба ин беморӣ гирифторшуда ҳадафи асосӣ маҳсуб меёбад.

Сипас, маърӯзаи директори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим Парвина Мухторова шунида шуд. Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сол то сол маблағгузории соҳаи тандурустӣ зиёд гардида, дар деҳаҳои дурдастарин бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳо бунёд ва таҷҳизотҳои муосири ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ вориди муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар шуда истодаанд.

Пӯшида нест, ки барои беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ ва дарёфти ризқу рӯзии хонавода ҳамасола  қисме аз шаҳрвандони мамлакат дар хориҷи кишвар ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ фаъолият мекунанд ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи маълумотнокии онҳо оид ба пешгирӣ, ташхису табобати бемориҳои гузаранда на он қадар баланд аст. Мақсад аз ташкили мизи мудаввари имрӯза дар якҷоягӣ дарёфт намудани роҳҳои баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии муҳоҷирон ва ҳалли мушкилоту муаммои ҷойдошта аст.

Таъкид карда шуд, ки ҳоло бо дастгирии Барномаи ICAP-и Донишгоҳи Колумбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқдоми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ, Маркази ҷумҳуривии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Маркази мубориза бар зидди ВНМО мониторҳои калон дар фурудгоҳҳои шаҳри Душанбеву Хуҷанд  шабонарӯзӣ оид ба пешгирии ВНМО ва дигар бемориҳои гузаранда видеоролик пахш карда истодаанд. Мақсад аз роҳандозии амали мазкур он аст, ки шаҳрвандон оид ба роҳҳо ва сабабҳои сироятёбӣ,  усулҳои пешгириву ҳимоят аз онҳо, ҳангоми ошкор шудани беморӣ ба куҷо  муроҷиат намудан ва саривақт бо ташхису табобат фаро гирифтани худ маълумоти зарурӣ пайдо намоянд.

Дар идомаи чорабинӣ директори Маркази вилоятии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО Фирӯз Комилов доир ба рафти татбиқи «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам барои солҳои 2017-2020» ва ҳадафу вазифаҳои он гузориш дод.

Ҳамзамон, ҳамоҳангсози миллии Барномаи ICAP-и Донишгоҳи Колумбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саидмумин Холов, директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар шаҳр Машҳуд Бобоев, мутахассиси пешбари бахши хадамоти муҳоҷират Фирдавс Ҳакимов, рӯзноманигор Сайфулло Махкамов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр Парвиз Почокалонов ва сармутахассиси шуъбаи мазкур Ғайратулло Неъматов доир ба мавзӯи мизи мудаввар фикру мулоҳизаҳои хешро низ иброз намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода низ дар симои аҳли толор аҳли ҷомеаро ба муборизаи  дастҷамъона даъват кард.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «Муҳоҷират ва сирояти Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)» - баргузории мизи мудаввар дар Истаравшан