Хабарҳо
Ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби даргузашти Гулназар Келдӣ - 13.08.2020 20:35
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот намуданд - 13.08.2020 16:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд - 13.08.2020 15:59
Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ​ китоби​ "Камол дар оинаи пажӯҳиш"​ —​ ро ба нашр расонид - 13.08.2020 15:57
Дар шаҳри Бӯстон Рӯзи кормандони соҳаи тибро ҷашн гирифтанд - 13.08.2020 13:08
Гулистон. Ба 70 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ дастрас карда шуд - 13.08.2020 08:45
Дар Хуҷанд ба фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ эҳдо шуд - 13.08.2020 08:42
Исфара. Гардиши хона ба хонаи табибон дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - 13.08.2020 08:40
Дар бинои нави Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд 85 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расид - 12.08.2020 10:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафар кард - 12.08.2020 10:14

ТОҶИКИСТОН ДУЮМИН КИШВАРИ АМНТАРИНИ ҶАҲОН ДОНИСТА ШУД! Пажӯҳиши Маркази таҳлилии амрикоӣ Gallup

( 0 Овоз )

Маркази таҳлилии амрикоӣ Gallup дар пайи назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё кишварҳоро радабандӣ карда, Тоҷикистонро дар зинаи дуюми ҷадвали амнтарин кишварҳои олам ҷой додаст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ин раддабандӣ ҷои аввал ба Сингапур ва ҷои сеюм ба Амороти Муттаҳидаи Араб дода шудааст.

Пажуҳишгарон пурсидаанд, ки оё аз гаштугузори шабона дар танҳоӣ наметарсед? Тоҷикистониён изҳор доштаанд, ки зимни гаштугузори шабона ҳеҷ хатареро эҳсос намекунанд ва ба  мақомоти ҳифзи тартиботи  маҳали зисташон  бовар доранд, хабар додаст Gullup.

Дар баробари Тоҷикистон инчунин Миср, Норвегия, Туркманистон, Швейтсария, Узбекистон, Финландия, Чин, Олмон, Имороти муттаҳидаи араб шомили рейтинги кишварҳои амнтарин шудаанд.

Дар маҷмуъ, зимни назарпурсӣ дар ҷаҳон аз се ду нафар – 69 дарсад изҳор доштаанд, ки ҳангоми сайругашти шабона худро амн эҳсос мекунанд ва  68 дарсад  изҳор доштаанд, ки  ба пулиси маҳаллӣ бовар доранд.

Ҳар нафари 8-ум, ё худ 13 дарсад гуфтаанд, ки соли гузашта моли онҳо ё наздиконашон ҳадафи дуздӣ қарор гирифтаст ва  6 дарсад изҳор доштаанд, ки мавриди ҳамлаю ғоратгарӣ қарор гирифтанд.

Дар Афғонистон танҳо 13 дарсад изҳор доштаанд, ки ҳангоми сайругашти шабона дар танҳоӣ худро амн эҳсос мекунанд. Ин нишондод як сол пеш ба 20 дарсад баробар будааст.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд ТОҶИКИСТОН ДУЮМИН КИШВАРИ АМНТАРИНИ ҶАҲОН ДОНИСТА ШУД! Пажӯҳиши Маркази таҳлилии амрикоӣ Gallup