Хабарҳо
Ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби даргузашти Гулназар Келдӣ - 13.08.2020 20:35
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот намуданд - 13.08.2020 16:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд - 13.08.2020 15:59
Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ​ китоби​ "Камол дар оинаи пажӯҳиш"​ —​ ро ба нашр расонид - 13.08.2020 15:57
Дар шаҳри Бӯстон Рӯзи кормандони соҳаи тибро ҷашн гирифтанд - 13.08.2020 13:08
Гулистон. Ба 70 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ дастрас карда шуд - 13.08.2020 08:45
Дар Хуҷанд ба фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ эҳдо шуд - 13.08.2020 08:42
Исфара. Гардиши хона ба хонаи табибон дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - 13.08.2020 08:40
Дар бинои нави Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд 85 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расид - 12.08.2020 10:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафар кард - 12.08.2020 10:14

Баргузории семинари дастурдиҳӣ ва омӯзишӣ дар Раёсати маорифи вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят бо иштироки муовини сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Назаралиева, мутахассиси пешбари раёсати мазкур Дилбар Алихонзода, мудирону масъулини​ шуъбаҳои кадрҳо ва корҳои махсуси раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят семинари дастурдиҳӣ ва омӯзишӣ доир гардид.

Семинарро муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов оғоз бахшида, баён дошт, ки тадбири мазкур барои ислоҳи камбудиҳои мавҷудаи соҳа дар самти низоми ҳуҷатгузорӣ мусоидат хоҳад кард.

Дилбар Алихонзода оид ба масъалаи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, имтиёз ва роҳҳои​ ҳавасмандкунии онҳо, Дилафрӯз Назаралиева дар бораи тарзи дуруст пур кардани шаҳодатномаҳои хатми синфи 9 ва 11, Набиҷон Раҳмонов, мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилоят оид ба тарзи дуруст таҳия кардани ҳуҷҷатҳо барои мукофотҳои давлатӣ ва тариқи гузаронидани озмуни квотаи Президентӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон,​ Сафияхон Каримова ва Шӯҳрат Азизов, мутахассисони пешбари шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилоят дар бораи эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ ва низоми фаъолияти онҳо, аз аттестатсияи навбатӣ гузаронидани омӯзгорон суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни семинар маърузачиён ба саволҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас доданд.

Бо қабули қарорҳои оид ба масъалаҳои зикршуда семинар анҷом ёфт.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории семинари дастурдиҳӣ ва омӯзишӣ дар Раёсати маорифи вилояти Суғд