Хабарҳо
Мулоқоти номазадҳо бо интихобкунандагон дар Хуҷанд - 25.02.2020 16:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ - 24.02.2020 17:00
Конибодом. Баргузории мизи муддавар дар мавзӯи “Занон ва интихобот” - 24.02.2020 15:51
Форуми вилоятӣ-вохӯрии наслҳо таҳти унвони «Симои зани тоҷик» баргузор мегардад - 24.02.2020 15:51
Дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дарахтони калонҳаҷми каталпа ва магнолия шинонида шуд - 23.02.2020 15:45
Мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон - 24.02.2020 10:58
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.02.2020 08:35
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28

21 ноябр маросими ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона» баргузор хоҳад шуд

( 0 Овоз )

21 ноябри соли равон, соати 09-00 дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии маркази вилоят маросими ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона» баргузор мегардад.

Озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» аз тарафи нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарбияи насли ояндасози миллат дар роҳи худогоҳиву худшиносӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва илмомӯзиву фарҳангпарварӣ эълон гардида буд.

Дар озмун, ки аз 1-уми июни соли 2018 то 15-уми ноябри соли 2019 идома дошт, зиёда аз 100 муаллиф иштирок кардаанд.

Дар маросими ҷамъбастии озмун ба ғолибон аз тарафи муассисон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навиди Суғд 21 ноябр маросими ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона» баргузор хоҳад шуд