Мулоқоти масъулини Раёсати хадамоти муҳоҷират бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

( 0 Овоз )

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори ҷаласаи васеи Шўрои ҳамоҳангсозии вилояти Суғд оид ба пешгирӣ ва мубориза бо терроризм ва экстремизм 14-уми ноябри соли равон бо ташаббуси Раёсати Хадамоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» мулоқот ​ доир гардид.

Дар мулоқот ба ғайр аз кормандон ва масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ин ноҳия ҳамзамон раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла, шўроҳои занону духтарон, комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими маърака ва ҷашну маросим, фаъолони ҷомеа ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Мулоқотро муовини раиси ноҳия КомилӣМастура Мухторзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, баён дошт, ки чорабинии имрўза ҳамагӣ баъди як рўзи баргузории ҷаласаи васеи Шўрои ҳамоҳангсозии вилояти Суғд оид ба пешгирӣ ва мубориза бо терроризм ва экстремизм баргузор мегардад.

Сипас, аз ҷониби масъулин оид ба коҳиш додани теъдоди муҳоҷирон, пешгириву мубориза ба муқобили хатарҳои замони муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, ба шуғл ва ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани занону бонувон, имтиёзҳо барои соҳибкорон, қоидаҳои муҳоҷирати бехатар, навгониҳо дар қонунгузории федералии Федератсияи Русия вобаста ба муҳоҷират, пешгирӣ ва мубориза ба​ муқобили бемории ВНМО фикру андешаҳо баён гардиданд.

Бо истифода аз фурсати мусоид, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират Зайнура Шарифӣ оид ба мубориза бо хатарҳои ҷаҳонӣ, роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташкил ва гузаронидани пурсиши сартосарӣ, истифодабарӣ аз хизматрасониҳо ва имкониятҳои мавҷуда, таъсис додани ҷойҳои нави кор, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, саҳмгузорӣ дар ободонии диёр, ривоҷи бунёдкорию созандагӣ, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон ва омодагии ҳамаҷониба ба ҷашнҳои миллии дарпешистода андешаҳояшро баён намуда, дар симои аҳли толор Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Парчами давлатиро ба кулли ҳамватанон табрик гуфт ва барояшон сарбаландию хонаободӣ таманно намуд.

Дар интиҳои чорабинӣ ба ҳамаи иштирокчиёни мулоот аз ҷониби ташкилкунандагон маводи ташвиқотию тарғиботӣ тақсим гардид.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share