Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 16:35
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 15:54
Нишасти 179-уми маҳфили “Ганҷи сухан” ба 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ бахшида шуд - 22.01.2020 10:33
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид - 22.01.2020 08:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00
Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ - 21.01.2020 11:00
Ғолибони озмуни "Шоҳмотбози беҳтарин" муайян гардиданд - 21.01.2020 10:51
Таъсиси комиссияи вилоятӣ оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи ободониву кабудизоркунии маҳалли зист - 21.01.2020 10:43
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 21.01.2020 10:39
Озмуни вилоятии “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад ​ - 21.01.2020 10:23

Фаъолияти Шӯрои занони вилояти Суғд пурзӯр мегардад

( 0 Овоз )

Дар асоси нақша-чорабинии Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят дирӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо роҳбарии муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ маҷлиси Шӯрои занони вилоят дар соли 2019 баргузор гардид.

Дар маҷлис фаъолазанон, собиқадорон, намояндагони сохторҳои давлатӣ, васоити ахбори омма, ҳизбҳои сиёсӣ, шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд, намояндагони соҳаи тандурустӣ, маориф, ҷавонон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва ҳунармандон иштирок намуданд.

Маҷлисро муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ оғоз намуда, иштирокчиёнро бо рӯзномаи он шинос кард ва ҷиҳати таъмини иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарғиби либоспӯшии миллӣ ва пешгирӣ аз фарҳанги либоспӯшии бегона, пешгирии бемориҳои ВНМО, ба шуғл фаро гирифтани занону духтарон, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, ҷинояткорӣ, худкушиву сӯиқасд ба ҷони худ ва муҳоҷирати занон ба хориҷи кишвар дар назди масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ҳамчунин, ҷиҳати пешбурди фаъолият дар ин самт иштирокдорон низ ба музокира баромада, андешаҳои худро иброз намуданд.

Сипас, иштирокчиёни маҷлис аз рӯйи масъалаи якуми ҷаласа тариқи овоздиҳӣ раиси Шӯрои занони вилоят – муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, муовинон – сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Хуршедахон Хоҷазода ва собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ, намояндаи Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон дар вилоят Муҳаббат Нозимова, котиби Шӯро – сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Гулнора Гадойбоева Қаҳҳоровнаро интихоб намуданд.

Ҳамзамон, ҳодисае, ки дар дидбонгоҳи марзии “Султонобод” рӯзи  6-уми ноябр рух дод, аз ҷониби Шӯрои занони вилоят сахт маҳкум карда шуда, «Муроҷиатнома» ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон қабул карда шуд.

Масъалаҳое, ки дар рӯзномаи машварати кории Шӯрои фаъолзанони вилоят гузошта шуда буд, пурра баррасӣ гардида, перомуни онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Фаъолияти Шӯрои занони вилояти Суғд пурзӯр мегардад