Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 16:35
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 15:54
Нишасти 179-уми маҳфили “Ганҷи сухан” ба 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ бахшида шуд - 22.01.2020 10:33
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид - 22.01.2020 08:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00
Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ - 21.01.2020 11:00
Ғолибони озмуни "Шоҳмотбози беҳтарин" муайян гардиданд - 21.01.2020 10:51
Таъсиси комиссияи вилоятӣ оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи ободониву кабудизоркунии маҳалли зист - 21.01.2020 10:43
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 21.01.2020 10:39
Озмуни вилоятии “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад ​ - 21.01.2020 10:23

Нақши Пешвои миллат дар эҳё, тарғиб ва пажуҳиши тамаддуни бостон

( 0 Овоз )

Бозшиносии мероси таърихӣ ва фарҳангии миллат аз ҷолибтарин падидаҳоест, ки ташаккули давлатдории миллӣ ва худшиносиву худогоҳиро таъмин намуда, ба сифати рукнҳои муҳими таъмини истиқлолияти сиёсӣ шинохта мешавад. Ба масъалаи бузургдошти пажуҳиши тамаддуни бостон, аз ҷумла тамаддуни ориёӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир  намудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дарки моҳияти амиқи ин нуктаҳои зарурӣ барои густариши давлатдории навини тоҷикон ҳамчун кишвари меросбари хонадонҳои бошукўҳ ва маънавибунёди гузаштаи хеш дарак медиҳад.

Дар баробари андешидани тадбирҳои муҳим дар арсаи гиромидошти тамаддуни куҳани тоҷикон, ба таҳқиқи мероси бузурги тамаддуни ориёӣ, ки дар саргаҳи он худи Пешвои миллат қарор дошта, бо таълифи китоби арзишманди “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” дар ин амри муҳимсаҳмибарҷастае гузоштанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад, ки ин шеваи муносиб барои кашфи асрори номакшуфи тамаддуни куҳани миллати мо нақши муассир мегузорад. Санаҳои 21-23 октябри соли равон баргузории симпозиуми байналмилалии “Пажӯҳише дар тамаддуни бостон”, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат ва суханронӣ намуданд, саҳифаи тозае дар арсаи таҳқиқ ва таблиғи мероси бузурги бостон гардид. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар ҷараёни баргузории ин ҳамоиш таъкид доштанд, ки “Имрӯз вақти он расидааст, ки мо таърихи халқи тоҷикро дар алоқамандӣ бо таърихи гузаштагони пешини худ, аз ҷумла бохтариҳо, суғдиҳо, портҳо, модҳо, форсҳо, халқҳои саҳронишини сакоӣ, скифҳо, сарматҳо, массагетҳо ва дигар қавмҳои ориёинажод мавриди пажӯҳиш қарор диҳем.

Ҳамчунин, мо бояд мероси гаронбаҳои асрҳои миёнаро то ба имрӯз ҳарчи бештару амиқ омӯхта, ба гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик баҳои воқеӣ диҳем, онро ба ҷаҳониён дуруст муаррифӣ кунемваба решаҳои таърихиву фарҳангии худ арҷи бештар гузорем”.

Мусаллам аст, ки тоҷикон дар дарозои мавҷудияти таърихии хеш барои офаридани кохи мўҳташами фарҳанг ва маънавиёти ғанӣ, истеҳкоми девори бузурги маърифат, тафаккури барозандаву созанда саҳм гирифта, дар хазинаи ҷовидони хираду андеша ва маънавияти  башарӣ падидаву арзишҳои гаронмое аз худ ба ёдгор гузоштаанд. Ҷаҳониён эътироф кардаанд, ки минтақаҳои таърихӣ  ва зодбуми ин мардуми фарҳанггофарин ба сифати гаҳвораи тамаддуни ҷаҳонӣ ва зербинои  рушду нашри  тамаддуни  башарӣ маҳсуб мешавад.  Маҳз, қавмҳои ориёиёни бузург, ки дар густураи флоти беназир ва муҳоҷирати таърихии худ аз ин сарзамини борвар аз файзи фарри фарҳангофаринӣ бархоста, дар заминаи ҳаракатҳои хеш ба манотиқи мухталиф на танҳо марзу буми хешро вусъат бахшидаанд, балки фарҳангу маънавиёти ориёиро интишор дода, бар мабнои он ақвоми мухталифи ҷаҳониро ба сўи камоли маънавӣ, ташаккули қудрати офаринандагӣ ва бунёдкорӣ ҳидоят бахшидаанд. Ин аст, ки имрўз ин тамаддуни пурвусъат ва ғаноманди таърихӣ, ки ба иттифоқи муаррихон аз марзҳои кунунии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон то  Чину Ҳиндустон ва берун аз он доман паҳн кардааст, ба унвони тамаддуни ориёӣ маъруфият дошта, ҳиҷрати таърихӣ ва фарҳангии тафаккур ва андешаи созандаву барозандаи ниёкони моро дар меҳвари ин тамаддуни ғаноманду пурарзиши таърихӣ ба субут мерасонад. Донишманди аврупоӣ Ҳенри Филд вусъату нашри  ин тамаддуни тоҷикофарини ориёиҳоро ба таври зайл шарҳ додааст: «Тоҷикҳо мардуми машҳуре ҳастанд, ки сар то сари Машриқзамин пароканданд ва на танҳо дар кишварҳои Эрон ва Афғонистон, балки дар шаҳри Мовароуннаҳр ва кишварҳои таҳти тасаллути ўзбекҳои тотор  сукунат доранд ва ба қавли баъзеҳо онҳо то марзҳои Чин лоақал то Тибет пахш шудаанд». Чунин вусъатпазирии марзиву бумӣ ва интишори қавмии тоҷикон дар дарозои таърих, ки он аз   даврони муҳоҷирати ориёиҳо ва ба таъбири Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рўзгори ба империяи Ҳаҳоманишиҳо муттаҳид шудани сарзамини Бохтару Суғд аз Марву Хоразм ибтидо мегирад, дар тамоми даврони таърихӣ бо ташаккули нерўи фарҳангсозиву хирадгароӣ, маънавиятофаринӣ анҷом ёфта, чеҳраи ин мардуми бунёдгузор ва созандаро ҳамчун нажоди асилзодаву пок, наҷиб ва монанди ин бозгўӣ мекунад. Хосатан, дар замони Ҳукумати бунёдгузори давлати Ҳахоманишиҳо КурушиКабир беҳтарин аносири тамаддуни ориёӣ тавассути сиёсати одилона, ваҳдатгароёна ва эҳтиром гузоштан ба дину мазоҳиби мухталифи ин подшоҳи раҳоибахш ва чеҳраи барҷастаи таърих дар марзҳои манотиқи Бобулу Миср, Сурия, Лидия, Мод, Порт, Марв, Балх, Суғд, Ҳинд, Фаластин, Финиқия ва амсоли ин   интишор ёфтанд. Куруш дар таърихи башарият нахустин императориеро асос гузошт, ки бо ҳузури чанд миллат фаъолият бурда, дар меҳвари он оштии сиёсиву диниву мазҳабӣ ва таҳкими дӯстии мардум, озодии куллии инсоният ҷой гирифта буд.  Ба таъбири Пешвои миллат “дар таърихи ҳар миллат дер ё зуд шахсиятҳои барҷастае пайдо мешаванд, ки такдири онро ба куллӣ тағйир дода, нерўҳои ниҳонии онро бедор карда, маданияти моддиву маънавии онро ба сатҳи тозаву баланди тараққиёт мерасонанд ва фарҳангу тамаддунашро ба арсаи ҷаҳонӣмебардоранд. Барои Порсҳо (ва шояд ҳам на танҳо барои онҳо, балки барои тамоми халқҳои эронитабор) чунин шахсият Куруши Кабир буд. Ў аз мартабаи шоҳи як вилоят ба дараҷаи шоҳаншоҳи як империяи бузурги ҷаҳонӣ расид”. (90-91)

Ҳамин тавр, корномаҳои бузурги Куруши Кабир баробари интишори аносири тамаддуни ориёӣ ба саросари ҷаҳон дар таъмини озодии башарият ва таҳкими ғояҳои олии инсондӯстӣ ва инсонгароӣ нақши муассир гузоштанд.

Бояд гуфт, ки дар асли луғавӣ вожаи «Ориё» ба маънии наҷиб ва нажоди асил будааст ва гоҳо онро аз решаи санскритии «ар» ба маънии деҳқон маънидод мекунанд. Мусаллам аст, ки вожаи деҳқон дар аҳди қадим дар тафаккури ориёнажодон аз эътибор ва маҳбубияти хос бархурдор буд ва онро ҳатто дар баробари вожаи тоҷик маънӣ мегузоштанд. Чунончи Фирдавсии бузург фармуда;

Зи гуфтори деҳқон кунун достон,

Бипаймудам аз гуфтаи бостон.

Пас, деҳқон дар андешаи аҷдоди мо шахси офаринандаву созанда, бунёдкор арҷ гузошта мешуда ва дар китоби муқаддаси Авасто ҳар табақаи ҷамъият, ки даст ба созандагиву бунёкорӣ занад ва офаринандагиро пешаи худ созад, аз мақоми хоси маънавӣ бархурдор аст. Ба ин ваҷҳ, деҳқон чун аз ин падидаҳои офарананда баҳравар буд, ҳам дар кутуби муқаддас ва ҳам дар андешаву орои ориёиён ҷойгоҳи хоса дошта, ҳамеша мавриди ситоиш қарор доштанд. Ба назардошти асолати таърихии таблиғи фарҳангофариниву бунёдкорӣ дар андешаи тоҷик ва мутобиқати зиндагии ибтидоии ин қавми маънавибунёд дар саргаҳи таърих бо рисолати табақоти боътибори деҳқону озододагон аҳли назар ин мардумро ба унвонии деҳқон ёдовар мешуд. Пас, дар робита бо тафсири ҳар ду маънии вожаи «ориё» маълум мешавад, ки дар меҳвари ин тамаддуни ғаноманду бузург, ки дар вусъати  ақвоми дигари дорои таърихи қадима ба иллати анҷоми муҳоҷирату флотҳои тоҷикон ҳамроҳ шудаанд, қарор доранд.

Аз ин рў, бо мақсади пажӯҳиши тамаддуни бостон ба масъалаи бузургдошти тамаддуни ориёӣ таваҷҷўҳ намудани Пешвои миллат муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон беҳикмат нест. Зеро  шинохти мероси ғаноманди нажоди ориёӣ ва саҳми тоҷикон дар бунёди фарҳангии нерўманди маъруф ба унвони тамаддуни ориёӣ аз муҳимтарин рисолоти таърихии ҷомеаи имрўз аст, ки дар пойгоҳи асосии он  ташаккули тафаккури миллӣ ва худшиносиву худогоҳии таърихии тоҷик ва сабақбардорӣ аз дарси бузурги фарҳанофаринии анҷдоди мо маҳсуб мешавад. Моҳияту асолати ин таваҷҷўҳи хосаро, ки яке аз рукнҳои асосии сиёсати маънавибунёди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад, мавсуф  ҳанўз соли 1999 дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» мушаххас  намуда буданд:

«Мо ҳаргиз даъвои миллатгароӣ, шовинизми миллӣ надорем, мо фақат мехоҳем, ки таърихи гузаштаи миллат ва давлату давлатдориамонро хубтар омўзем, ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ аз чанголи карахтӣ ва бегонапарастиҳо раҳида, ба қадри тамаддуну арзишҳои фарҳангӣ, забони миллӣ ва шеъру сухани оламгири ниёгон бирасем; дар зери парчами гузаштагони бузурги хеш гирд омада, истиқлолияту якпорчагии ватани азизро ҳифз намоем».

Баробари ин, дар мавриди сабабҳо ва зарурати бузургдошти тамаддуни ориёӣ дар китоби “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” таъкид доштанд, ки “бинобар қадимӣ будан, дар миқёси ниҳоят бузург фаъолият доштан, таърихи сиёсии печидаву пурмоҷаро доштани ин тамаддун ҳанўз бисёр масъалаҳои он, махсусан масоиле, ки ба аҳди қадим мансубанд ва ёдгориҳои хаттию шайъии он давра то ба рўзгори мо нарасидаанд, инчунин фаъолияти тамаддуни ориёӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ то замони мо ба таври бояду шояд маълуму мушаххас нагардидаанд. Аз инрў, ман соли 2006-умро соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон намудам ва хостам, ки дар давраи истиқлолияти давлатӣ ба таърихи пуршўру овозадори ниёгонамон аз сохти давлатдории аввалин шаҳриёрони пешдодию каёнӣ сар карда ба марҳилаҳои муҳимму мухталифи оини хештандорӣ ва умури ватанпарварии миллатамон муроҷиат намоем ва аз ҳама муҳимаш, ба ташаккулу инкишофи маданияти моддию маънавии тамаддуни ориёии худ назар андозем ва бар ҳамин мабно ҳаёти маънавӣ ва фарҳангии худро ба роҳ монем”.

Тибқи таҳқиқоти муаррихону тамаддуншиносони маъруф инсоният дар тӯли таърихи мавҷудияти худ бисту як тамаддуни ҷаҳониро эҷод кардааст. Аз ҷумлаи онҳо то имрӯз танҳо ҳафт тамаддун нуфузи умумибашарии худро нигоҳ дошта тавонистааст, ки дар миёни онҳо тамаддуни ориёӣ нақши тобнок ва мақоми пурарзише дорад. Сарнавишти ориёиҳо, ки баробари як силсила халқу миллатҳои олам мо – тоҷикон низ яке аз меросдорони асили он ҳастем, аз ҷумлаи саҳифаҳои басо рангину ҳайратангези таърихи башар аст.
Тамаддуни ориёӣ барои ниёгони мо нақши нуқтаи оғози таърих, арсаи буду бош, пайдоиш ва ташаккули нахустин оинҳои давлатдорӣ, фарҳанг, дигар арзишҳои миллӣ ва гузашта аз ин, ҷавлонгоҳи худшиносиву ҷаҳоншиносиро бозидааст.

Мо аз таърихи қадимаи худ ва аз маъхазҳои зиёд, ки ба забони модарии мо, яъне тоҷикӣ навишта шудаанд, хуб огоҳ ҳастем. Халқи мо дар ягон давру замон ба сари ягон миллат теғ накашидааст.
Вале то имрӯз дар ҳудуди кишвари мо ва қаламрави форсизабонон калламанораҳое вуҷуд доранд, ки онҳо ёдгоре аз кирдорҳои ғайриинсонии истилогарони хунрез мебошанд. Халқи мо дар гузаштаҳои наздик низ аз зуҳуроти миллатгароӣ ва нажодпарастии дигарон азобу машаққати зиёд дидааст.
Мақсади мо аз бузургдошти тамаддуни ориёӣ танҳо як назари тозаву холисона ба фарҳанги қадимаи миллати худ ва кӯшиши ошноии амиқтар бо решаҳои таърих ва тамаддуни гузаштаамон аст.
Мо ин ҳадафи худ борҳо возеҳу равшан эълон доштаем. Зеро миллати тоҷик мисли ҳар халқу миллати дигар дар марҳалаи эҳёи давлатдории миллӣ ва болоравии худшиносии миллӣ ҳуқуқи пурраи маънавӣ дорад, ки таърих ва тамаддуни ориёиро ҳамчун мероси воқеӣ ва собитшудаи ниёгони худ пос дорад, онро омӯзад ва арзишҳои беҳтаринашро барои рушди ояндаи худ истифода намояд.
Ва ҳар фарди бонангу номуси миллат бояд донад, ки аҷдоди мо – суғдиҳову бохтариҳо зодагони қавми ориёӣ ҳастанд, забони модарии мо баробари дигар забонҳои минтақа, аз ҷумла форсӣ ва дарӣ аз забонҳои қадимаи ориёӣ сарчашма мегирад.

Дар баробари ин, мо кӯшишҳои ғаразолуди истифодаҷӯиро аз мероси фарҳангӣ барои талқини ғояҳои нажодпарастӣ бо дарки масъулияти таърихиву виҷдонӣ маҳкум мекунем ва фақат мехоҳем, ки наслҳои имрӯзу оянда аз фарҳанги қадимаву рангоранги миллатҳои бостонӣ, аз ҷумла тоҷикон ва арзишҳои волои тамаддуни ориёӣ огоҳу баҳравар гарданд».

Бо назардошти нукоти мавриди назар моҳият ва аҳамияти  таърихии таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба масъалаи таҳқиқи тамаддуни бостон, аз ҷумла эълони соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ ва таваҷҷуҳ ба пажӯҳиши мероси куҳани тоҷиконро дар чанд нукта тавзеҳ диҳам:

1.Маълум аст, ки яке аз омилҳои муҳиму таърихии зуҳури тамаддуни ориёӣ ба мансубияти қавмии сокинони мухталифи он ва минтақаҳои ҳамҷавори он вобаста аст. Дар заминаи паҳншавии падидаҳои фикриву фарҳангӣ ва иҷтимоиву сиёсии тоҷикон ба кишварҳои атрофи онҳо ин тамаддуни бузургро ҳам чун падидаи аз омезиши маданияти чанд қавм  бавуҷудомада ҳастӣ бахшиданд. Ин аст, ки осори таърихӣ ва сарчашмаҳо мафҳуми ақвоми ориёӣ барои ифодаи фарҳанги муштараке, ки дар меҳвари он фарҳанги тоҷикӣ-форсӣ қарор дорад, рӯйи кор омад. Асли зуҳури ин тамаддуни бузург бошад, чунонки зикр шуд, пеш аз ҳама ба пайдоиши тафаккури созандаву офаринандаи тоҷикон дар саргаҳи таърихи дар зодгоҳи аслии онҳо, ки “маъруф ба Ориёнвич” аст, мансубияти қавӣ дорад. Зеро ба истилоҳи муҳаққиқон “ориёи эронӣ” (Эрон дар ин ҷо сарзамини бузурги қадимаи тоҷикон дар назар аст, ки манотиқи Вароруду Хуросон ва дигар марзҳои ҷуғрофии атрофи онҳоро фаро мегирифт ва ба ин ваҷҳ муҳаққиқон асли баромади вожаи Эронро ҳам ба ориён мансуб донистаанд, яъне манзур ҳамон Эрони бостон. –Н.Н) аз марзи аҷдодӣ бурун омада, на танҳо барои васеъ намудани ҳудуди таърихӣ, балки интишор ва густариши фарҳанги бумии хеш хидматҳои шоиста анҷомдоданд.

Ведаҳо ба ҳайси нахустин инсон ва Худованди рӯшаниву нур шинохта шудани Ҷамшеди каёни, ки аз ашхоси ормониву асотирии ориёиён маҳсуб мешавад, далели боътимоди асари фарҳангу тамаддун ва тафаккури офаринандаи форсиён ба афкору андешаи сокинони ин сарзамин ба шумор меояд. Минбаъд , ин падидаи муштараки фикрӣ дар муносибату пайванди забонӣ низ таъсири худро гузоштанд, ки воридшавии калимаҳои тоҷикӣ ба ҳиндӣ ва ҳиндӣ ба тоҷикӣ аз ин гуфта шаҳодат медиҳад. Афзуда бар ин зуҳури тамаддуни бароварда аз омезиши фикриву фарҳангии сокинони ҳар ду минтақа дар даврони минъбадаи таърихӣ ба унвони тамаддуни ориёӣ шӯҳрати афзун пайдо намуда, равобити маънавию маданӣ ва фикрии тоҷикону ҳиндувонро истиқрор бахшид. Муҳимтар аз ҳама асари фикриву маънавии тоҷикони қадима ба зеҳну афкор ва маданияти ҳиндувон бунёдҳои қавии сиёсӣ, фикрӣ, маънавӣ ва фарҳангиро дар сарзамини ҳинд истеҳком бахшид. Ҳосили ҳамин гуна пайрезаҳои фикриву маънавӣ буд, ки баъд аз асри ХY дар қаламрави Ҳинд давлати тоҷикзабони Темуриёни Ҳинд  рӯи кор омада, дигар бора барои равобити фарҳанги тоҷикиву ҳиндӣ мусоидат кард. Аз ин лиҳоз, рӯ овардан ба чунин тамаддуни заминасози ҷаҳонӣ, ки саросари оламро бо падидаҳои фикриву маънавӣ ғанӣ сохтаанд, дар ниҳоди насли наврас рўҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллиро қавӣ намуда, маърифати таърихӣ ва сабақбардориро аз таҷрибаи хирадгароиву фарҳангофаринии ниёгон боло мебардорад. Мо танҳо дар заминаи рў овардан ба таърихи дури миллати хеш ва маърифати маҷрои қадимтарин давраҳои рушди фикриву фарҳангии он имкон пайдо мекунем, ки мақоми шоистаи аҷдоди хешро дар сароғози ташаккули тамаддуни башарӣ бишносем ва ҷойгоҳи онро дар пешрафти маданияти ҷаҳониён муқаррар намоем.

2.Маърифат ва эҳёву гиромидошти тамаддуни ориёӣ, ҳамчун фарҳанги пурбори таърихи тоҷикон пеш аз ҳама  барои баланд бардоштани савияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳифзи сарватҳои зеҳнии халқамон амри муҳим ба ҳисоб меравад. Бо таваҷҷуҳ ба сарчашмаҳои таърихӣ ва маъбаъҳои боэътимод рўшан мешавад, ки новобаста ба фарҳангсўзиҳо ва аз миён бардоштани мероси зиёди маънавии тоҷикон дар масири таърих аз хазинаи ақлу хирад ва маънавиёт осори бешуморе боқӣ мондааст, ки имрўз ниёзмандии афзуне барои омўзишу таҳқиқ ва муаррифӣ доранд. Қисмати дигари ин осори фикриву хаттӣ дар заминаи тарҷума ба забонҳои дигар, инчунин омезиши он бо осори ақвоми мухталиф то ҷое асолати хешро аз даст дода, дар уқёнуси андешаву орои дигарон ғарқ шудааст. Гиромидошти фарҳанги ориёӣ назди мо баробари баробари омўзиш ва таҳқиқи  мероси боқимондаи маданияти гузаштагони хеш вазифа мегузорад, ки бо чунин арзишҳои аздастрафта ва махлутгашта бо назари таҳқиқ ва таҷдид нигариста, саҳми гузаштагони хешро дар таҳаввули фикрӣ ва ҳунарии ҷаҳониён бо маърифати асолати чунин падидаҳои “бегонашуда” собит созем.

3.Тамаддуни ориёӣ дар канори вусъати таърихии хеш падидаҳои арзишманди адабиву фарҳангӣ ва маънавиро дар сурати осори мухталиф ба вуҷуд овардаанд, ки ҳадди ниҳоии камолоти он зуҳури ба таъбири Пешвои миллат– “нахустқомуси миллати тоҷик”- китоби муқаддаси Авасто маҳсуб мешавад. Дар ин намунаи пурарзиши мероси ниёгони тоҷикон маҷмўи донишу андешаҳо ва ҳосили тафаккури созандаву барозандаи эшон фароҳам омада буд, ки бахше аз он то замони мо расидааст. Баробари ин, маҳсули тамаддуни тоҷикон, ки дар китоби муқаддаси Авасто ғунҷоиш ёфтааст, ба василаи интиқоли он аз ҷониби Искандар ба Юнон рушди макотиби фалсафиву маърифатии ин сарзаминро таъмин намуд. Низомии Ганҷавӣ ҳамин маъниро дар байте аз хеш тафсир намудаву фармуда буд:

Хирадномаҳоро зи лафзи дарӣ,

Ба Юнонзабон кард кисватгарӣ.

Таваҷҷуҳи хосаи бузургтарин намояндагони макотиби фалсафии Юнони бостон, аз он ҷумла, мусофирати яке аз бунёдгузорони ин ҳавзаи неруманди фалсафӣ – Фишоғурс (Пифагор) ба Эрон, назорати хосаи Афлотун ва Арасту ба китоби Авесто аз нубуғи фикрии фалсафаи оини ниёкони мо дар масири тамаддуни ҷаҳонӣ ва бардоштани зеҳният фикри олам аз ин хазинаи олии хирад мужда медиҳад. Таблиғи бунёдкориву созандагӣ, худшиносӣ, ростиву дар меҳвари таълимоти ахлоқии Авесто қарор гирифтаанд. Ин аст, ки нависандаи бараҳманимазҳаби Ҳинд Робиндранат Тагор консепсияи ахлоқии Авесторо комилтарин назарияи ахлоқӣ ба шумор овардааст. Файласуфи олмонӣ Фридрик Ничен аз асари шаҳомати фикрии пайғамбари ниёгони мо-Зардушт ба ваҷд омада, ҳосили шинохту муҳаббати хешро дар китоби гаронмояаш “Чунин гуфта Зардушт” ҷамъбаст намудааст.

Таъсиси академияи Шопури Сосонӣ, китоби дубораи Авесто, ҷамъоварии осори ҳамосавӣ ва тарҷумаи осори ҳиндӣ ба паҳлавӣ собит намуд, ки ақвоми ориёӣ соҳиби қудрати азими фикрӣ буда, ҳанӯз дар сароғози таърихи башарӣ саҳни таърихро ба ҳосили андешаву орои хеш музайян гардонидааст. Таъзими Искандари Мақдунӣ дар баробари ин фарҳанги пурарзиш, таълими оини давлатдорӣ ба арабҳо аз ҷониби аҷдоди мо дигарбора устувории таърихӣ ва истеҳкоми сутуни маънавии миллати моро дар дарозои пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ ба субут расонд.

4.Муҳимтарин падидае, ки нашру шӯҳрати фарҳанги ориёнро муаррифӣ мекунад, забон маҳсуб мешавад. Зеро асолати ин падидаҳои фикрӣ пеш аз ҳама дар забони ноби тоҷикӣ дар назар ст, ки решаҳои таърихии хешро аз забонҳои қадимаи форсиву паҳлавӣ, суғдиву бохтарӣ ва амсоли ин  берун овардааст. Моҳияти мақоми забони тоҷикиро дар густариш ва интишори фарҳанги ориёӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хеле рушан маънидод кардаанд: ”Тамаддуни чандинҳазорсолаи нажоди ориёӣ маҳз ба воситаи забони шево ва пурғунҷоиши тоҷикию форсӣ ва қаринаҳои бостониву аҳди миёнаи он то замони мо расида, дастраси оламиён гардидааст, ки ин ҳам боиси ифтихор ва ҳам масъулияти бузурги ворисони ин тамаддуни қадима аст.”

Бо назардошти шинохтани ин мақоми таърихии забони шевои тоҷикӣ бояд муносибат ва эҳтиром ба забонро  ҳамчун рукни муҳими ташаккули ҳуввият ва худшиносии миллӣ донем ва ба ин сарвати ғаномандии таърихии ниёгонамон аз ин раҳгузор баҳо диҳем. Зеро бидуни огоҳии рӯшан аз хусусиёти ташаккули таърихии ин забон ва маърифати ҳамаҷонибаи он имкон надорем, ки барои шинохти тамаддун ва фарҳанги ориёӣ равзанаи хос кушода бошем. Ба ин хотир, бузургдошти тамаддуни ориёӣ танҳо аз ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, маърифати мероси фикриву фарҳангӣ иборат набуда, балки муносибати мушаххас ва таваҷҷӯҳи амиқро ба қонунмандиҳои ташаккули таърихии забони тоҷикӣ тақозо мекунад.

Дар маҷмӯъ, пажӯҳиши тамаддуни бостон, ки сарчашма дар бузургдошти фарҳанги ориёӣ мегирад, ҳамчун падидаи ташаккули худшиносии миллӣ ва руҷӯъ ба асолати фарҳангии аҷдоди хеш дар назди мо вазифаҳои муайянеро пеш мегузорад, то харчи бештару пештар барои маърифати таърихи гузаштагон, мероси маданиву фарҳангӣ ва зеҳнии онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, бо таблиғи арзишҳои мазкур барои боло бурдани ҳуввияти миллии наслҳои оянда роҳи тозакушоем.

Нуралӣ Нурзод,
муовини директори институти илмӣ- тадқиқотии
илмҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ

Феҳристи адабиёти истифодашуда

  1. Раҳмон, Эмомалӣ. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён. –Лондон, 1999.
  2. Раҳмон, Эмомалӣ.  Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби дуюм. Аз Ориён то Сомониён.- Душанбе: Ирфон, 2002. – 128 с.
  3. Раҳмон, Эмомалӣ. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ.- Душанбе: Ирфон, 2006. – 372 с.
  4. Раҳмон, Эмомалӣ.  Чеҳраҳои мондагор.- Душанбе: Эр-граф, 2016. – 364 с.
  5. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз”. Душанбе, 22 октябри соли 2019.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Нақши Пешвои миллат дар эҳё, тарғиб ва пажуҳиши тамаддуни бостон