Хабарҳо
Ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби даргузашти Гулназар Келдӣ - 13.08.2020 20:35
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот намуданд - 13.08.2020 16:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд - 13.08.2020 15:59
Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ​ китоби​ "Камол дар оинаи пажӯҳиш"​ —​ ро ба нашр расонид - 13.08.2020 15:57
Дар шаҳри Бӯстон Рӯзи кормандони соҳаи тибро ҷашн гирифтанд - 13.08.2020 13:08
Гулистон. Ба 70 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ дастрас карда шуд - 13.08.2020 08:45
Дар Хуҷанд ба фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ эҳдо шуд - 13.08.2020 08:42
Исфара. Гардиши хона ба хонаи табибон дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - 13.08.2020 08:40
Дар бинои нави Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд 85 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расид - 12.08.2020 10:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафар кард - 12.08.2020 10:14

Барандагони ҷоизаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муайян гардиданд

( 0 Овоз )

Ҷоизаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба панҷ нафар олимон ва шахсиятҳои шинохтаи кишвар супорида шуд.

Дар поёни конференсияи 13-уми ҳисоботӣ-интихоботии ҲХДТ дар вилояти Суғд, ки рӯзи 12 ноябр доир гардид, аз озмун барои дарёфти ҷоизаҳои КИВ ҲХДТ натиҷагирӣ карда, ҷоизаҳои мазкур ба панҷ нафар супорида шуданд.

Ҷоизаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғдро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода ва Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода ба ғолибони озмун супориданд.

Ҳамин тавр, ҷоизаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар бахши адабиёт ба номи Абдуманнон Насриддинов ба адабиётшиноси шинохта Саидумрон Саидов, ҷоиза дар риштаи таърих ба номи Сайдулло Абдуллоев ба муаррих Ҷӯрабек Исоматдинов, дар соҳаи фарҳанг ба номи Наимҷон Ҳакимов ба ду нафар – рассом Ғафурҷон Ҷӯраев ва композитор Абдураҳмон Тошматов ва ҷоиза дар бахши журналистика ба номи Ҳасанбой Шарифов ба рӯзноманигор Абдусабур Абдуваҳҳобов супорида шуданд.

Хотирасон мешавем, ки ҷоизаҳои мазкурро кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ бо мақсади гиромидошти шахсиятҳои шинохтаву хизматнишгондодаи илму фарҳанг ва дастгириву қадршиносии намояндагони аҳли илм таъсис додааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Барандагони ҷоизаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муайян гардиданд