Хабарҳо
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид - 22.01.2020 08:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00
Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ - 21.01.2020 11:00
Ғолибони озмуни "Шоҳмотбози беҳтарин" муайян гардиданд - 21.01.2020 10:51
Таъсиси комиссияи вилоятӣ оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи ободониву кабудизоркунии маҳалли зист - 21.01.2020 10:43
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 21.01.2020 10:39
Озмуни вилоятии “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад ​ - 21.01.2020 10:23
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 08:29
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсиро тасдиқ намуд - 20.01.2020 16:52
Паём ва масъалаҳои рушди соҳаи маориф - 20.01.2020 13:29

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

( 0 Овоз )

Ба истиқболи Рӯзи Президент

Сиёсати фарҳангии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон дар   Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз бо заковати фитрии намояндагони мардумӣ ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Хусусан, ин раванд аз соли 1994 баъди бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза гирифт. Дарозои наздик панҷ соли минбаъда сиёсати фарҳангӣ комилан барои ноил шудан ба оштии миллӣ ва барқарору устувор гардонидани унсурҳои асосии давлат равона карда шуд. 

Аркони асосии давлат дар меъёри талаботи байналмилалӣ  ба дараҷаи баланд барпо карда мешуд, вале ҳамоно ҷанги бародаркуш,  куштор, дуздиву ғоратгарӣ,  роҳзанӣ ва дигар амалҳои ношоиста идома доштанд. Сиёсати  Сарвари  давлат, асосан ба самти сулҳофарӣ равона шуда бошад ҳам, тарғибот дар нигаҳдошту тарвиҷи анъаноту русуми ниёгон, муроҷиат ба зиёиёну олимон, омӯзгорону устодон, равшанфикрони диёр баҳри эҳёи Тоҷикистон ва расидан ба ваҳдати миллӣ ҳамвора садо медоданд ва сокинони кишвар  эҳсос мекарданд, ки роҳбари тозаинтихоби  давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ абармарди ҷасур, дилсӯзу меҳанпарвар ва фарҳангдӯст аст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки заминаи асосии ҳуқуқии нигоҳ доштан, эҳё намудан ва инкишофи иҷтимоию фарҳангии анъанаҳои миллӣ, пеш аз ҳама, баъди ба сари ҳокимият омадани Пешвои дурандешу хирадманд Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Маҳз дар ҳамин марҳила таҷлили рӯзҳои  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Суруди миллӣ,  Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, таъсисёбии  Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон поягузорӣ шуда, минбаъд онҳо пуршукӯҳ ва ба дараҷаи баланди сиёсиву фарҳангӣ, чун иди умумихалқӣ,  ҷашн гирифта шуда истодаанд.

Соли 2009 бо ташаббус ва ибтикори Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» эълон ва он бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Бахусус, сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Тоҷикистон баъди баргузор шудани Симпозиуми байналмиллалӣ, 5 октябри соли 2009, дар шаҳри Душанбе, дар мавзӯи «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир» ба куллӣ тағйир ёфт. Симпозиум бо иштироки бештар аз 500 нафар олимону донишмандони ислом ва чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанги ҷаҳонӣ, аз 50 мамолики дунё ба вуқӯъ пайваст ва  Тоҷикистонро чун давлате муаррифӣ кард, ки ба фарҳангу адабиёт ва маънавиёт эътибори ҷиддӣ медиҳад.

Яке аз нишондиҳандаҳои асосии сиёсати хирадмандонаву фарҳандӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ҷашн гирифта шудани «Соли тамаддуни ориёӣ» ва аз тарафи ЮНЕСКО эътироф шудани 2700-солагии “Авасто” мебошад. Таҷлили бошукӯҳи солгарди тамаддуни ориёӣ ва китоби муқаддаси “Авасто”, ва дар ин замина, таҳқиқ шудани он аз тарафи олимону донишмандони Академияи улуми Тоҷикистон чун мероси хаттии умумибашарӣ, шаҳодати тамаддуни бостониасоси тоҷикон мебошад. Дарки амиқ дар пешрафти ҷамъияти инсонӣ,   бевосита ба пайванди аслҳову наслҳо,  бархурдорӣ аз беҳтарин дастовардҳои диниву дунявӣ ва илмиву таҷрибавии ниёгон вобастагии ногусастанӣ доштани фарҳанг нуктасанҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро собит менамоянд.

Fановати илмиву ахлоқии Қуръони карим ба аҳли фарҳанги Шарқу Fарб маълуму равшан аст. Рӯй наовардан ба ин маъхази пурганҷ маънавиёти инсониятро коҳиш медиҳад. Қайд кардан бамаврид аст, ки бо ташаббуси Сарвари илмдӯсту донишпарвари кишвар Қуръони маҷид бо теъдоди зиёд бо шарҳу тафсираш ба забони тоҷикӣ тарҷума ва бо ҳуруфоти кириллӣ нашр шуда, дастраси хонандагони тоҷик гардонида шуд. Ин иқдом, албатта, дар ташаккули маданияти маънавии мардум такони бузург гардид.

Зикр кардан зарур аст, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили “Наврӯз”, “Меҳргон”, “Сада”, “Шашмақом”, “Фалак”,  атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд.  Хусусан, солҳои охир таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба ҳифзи забони давлатӣ, суннату арзишҳо ва либоси миллӣ зиёд шудааст.

Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз онҳо, аз ҷумла “Шашмақом” ва “Наврӯз” ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардиданд ва чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон зикр карданд, “... соли оянда мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд...”

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад.

Бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тасмим гирифт, соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон - шаҳри қадимаи Саразмро доир намояд. Алҳол дар шаҳри Панҷакент дар ин ҷода тадбирҳои зиёд амалӣ шуда истодаанд. Дар шаҳри бостонӣ ба муносибати  ҷашнвораи Саразм якчанд иншоот бунёд мешавад, ки ба беҳдошти зиндагии мардум ва эҳёи таърихи ниёгон нигаронида шудаанд. Дарвозаи рамзии “Саразм” ва Осорхонаи шаҳраки қадима қомат меафрозанд.  Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500-солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаамонро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем.

Дар ин бобат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид кардаанд: “Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад”.

Бо ташаббус ва ибтикори Пешвои муаззами миллат, роҳбари фарҳангпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» дар доираи  моддаҳои дахлдори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд ва амал мекунанд. Пеш аз ҳама, зикраш ҷоиз аст, ки ин санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ соф миллианд ва аввалин маротиба ин таҷриба дар Тоҷикистон соҳибистиқлол ба вуқӯъ пайвастааст. Баъдан, манфиати ин қонунҳо, ки ниҳоят хирадмандонаву аз ҷиҳати иҷтимоию иҷтисодӣ дурбинона матраҳ шудаанд, на танҳо дар сарфи беҳудаи пасандози оила ва маблағҳои шахсӣ зоҳир мегардад, балки дар як сатҳ гузаронида шудани тӯю маросимҳо дар ҳар вилояту ноҳияҳо, шаҳр, ҷамоат ва деҳоту деҳаҳо баҳри ягонагӣ, мустаҳкам шудани дӯстиву рафоқат, таъмини ваҳдати умумимиллӣ таъсири мусбат мерасонад.

Бисту ҳашт соле, ки баъди ба Истиқлолияти давлатӣ соҳиб шудани кишвар собит намуд, ки Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи фарҳанг, ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳад. Метавон гуфт дар кишвари мо соҳаи фарҳанги миллӣ муттасил рушд менамояд ва дар радиф саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас  аст.


Ҷамшед ҶӮРАЗОДА,
ректори  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
доктори илмҳои таърих, профессор

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ