Хабарҳо
23 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад - 21.11.2019 08:59
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ҷомеаи вилоят - 20.11.2019 18:05
Баргузории семинари дастурдиҳӣ ва омӯзишӣ дар Раёсати маорифи вилояти Суғд - 20.11.2019 15:05
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 11 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд - 20.11.2019 13:25
Кишоварзони вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро 100% иҷро намуданд - 20.11.2019 13:10
21 ноябр маросими ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона» баргузор хоҳад шуд - 20.11.2019 10:10
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент - 19.11.2019 13:12
Ба истиқболи 5500-солагии шаҳраки Саразми бостонӣ дар Панҷакент наздик 30 иншоот бунёд мегардад - 19.11.2019 11:57
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55

“Аз Хуҷанд то Лоҳур” – бо чунин ном дар Хуҷанд китоби нави муҳаққиқи шинохта Нуралӣ Нурзод ба нашр расид

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Хуҷанд тавассути нашриёти “Ношир” китоби адабиётшинос ва шоир, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нурзод таҳти унвони “Аз Хуҷанд то Лоҳур” ба чоп расид.

Тавре аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд, дар ду сафарномаи муаллиф ҷой дода шудааст, ки яке “Баргу сози коинот аз ваҳдат аст” ва дувумӣ “Аз диёри Камол то Ватани Иқбол” унвон дошта, бардоштҳои ӯро аз ҷараёни ширкат дар ду ҳамоиши байналмилалӣ дар ин кишвари ба мо дӯст, аз ҷумла 140 солагии аллома Иқболи Лоҳурӣ фаро мегирад.

Ҳамзамон, дар ин сафаргуфта ҷараёни боздид аз марокизи илмиву фарҳангӣ, маконҳои таърихии кишвари Покистон, суҳбату мулоқот бо донишмандону муҳаққиқон, ошноӣ бо донишгоҳ ва китобхонаҳо, шеваи гуфтори мардуми Покистон ва қаробати он бо забони мардуми Тоҷикистон шарҳу тафсир ёфтаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд “Аз Хуҷанд то Лоҳур” – бо чунин ном дар Хуҷанд китоби нави муҳаққиқи шинохта Нуралӣ Нурзод ба нашр расид