Хабарҳо
23 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад - 21.11.2019 08:59
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ҷомеаи вилоят - 20.11.2019 18:05
Баргузории семинари дастурдиҳӣ ва омӯзишӣ дар Раёсати маорифи вилояти Суғд - 20.11.2019 15:05
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 11 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд - 20.11.2019 13:25
Кишоварзони вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро 100% иҷро намуданд - 20.11.2019 13:10
21 ноябр маросими ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона» баргузор хоҳад шуд - 20.11.2019 10:10
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент - 19.11.2019 13:12
Ба истиқболи 5500-солагии шаҳраки Саразми бостонӣ дар Панҷакент наздик 30 иншоот бунёд мегардад - 19.11.2019 11:57
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55

Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Гулистон

( 0 Овоз )

7 ноябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо фаъолони шаҳр мулоқот намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Гулистонро мавриди таҳлил қарор дода, барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳо ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини сохторҳои вилоятӣ супоришҳо дод.

Чуноне зимни таҳлили вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр иттилоъ дода шуд, дар шаҳри Гулистон нақшаи буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) дар 9 моҳи соли 2019-ум 82 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 129 миллиону 64,0 ҳазор сомонии нақша, 105 миллиону 875,4 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, ки ин нисбат ба нақша 23 миллиону 188,6 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Ҳамзамон, иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 89,6 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 35 миллиону 271,4 ҳазор сомонии нақша, 31 миллиону 619,9 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 3 миллиону 651,5 ҳазор сомонӣ кам аст.

Аз ҳисоби иҷро нагардидани 4 намуди андоз ба буҷет 24 миллиону 492,2 ҳазор сомонӣ кам маблағ ворид гардидааст, ки ин боиси нигаронӣ арзёбӣ гардид ва ба роҳбарияти шаҳру масъулини соҳаҳо супориш дода шуд, ки норасоиҳои ҷойдоштаро сари вақт бартараф намуда, афзоиши даромадҳои буҷет ва андоз, инчунин, шаффофият ва самаранокии хароҷоти буҷет, нигоҳдории вазъи мутавозини маблағгузории буҷетиро таъмин намоянд.

Таъкид карда шуд, ки ҳарчанд суръати афзоиш дар соҳаи саноати шаҳри Гулистон 100,8 фоиз таъмин шуда бошад ҳам, аз 32 корхонаи саноатӣ 8 ададаш ба сатҳи соли гузашта баромада натавониста, ду корхона фаъолият накардааст. Дар ин замина роҳбарияти шаҳр вазифадор карда шуд, ки ҳамкориро бо соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазир ва воридотивазкунанда, ба кор андохтани корхонаҳои фаъолият накарда, коҳиш додани қарздории корхонаҳо аз маоши кормандон, пешгирии қафомонӣ дар истеҳсолот ва таҳкими саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръати мамлакат чораҳои мушаххасро амалӣ созанд.

Фаъолияти муассисаҳои соҳаи маорифу нигаҳдории тандурустӣ низ дар шаҳри Гулистон беҳбудиро тақозо дошта, масъулин бояд барои ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ба муассисаҳои олӣ, пардохти қарзи иҷораи китобҳои дарсӣ, ҳавасмандкунии мутахассисони ҷавон, дастраскунии рентгени рақамӣ ва бартафсозии норасоии кадрҳо дар соҳаи тандурустӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамзамон бо натиҷагирӣ аз қабули шаҳрвандон ба раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ супориш дод, ки ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, бартараф намудани муаммоҳои ҷойдошта дар фаъолияти раёсату шўъбаҳо, кумитаи идораи замин, маорифу нигоҳдории тандурустӣ дар маҳаллаҳои маркази шаҳри Гулистон ва шаҳракҳои он эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Гулистон