Хабарҳо
Ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби даргузашти Гулназар Келдӣ - 13.08.2020 20:35
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот намуданд - 13.08.2020 16:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд - 13.08.2020 15:59
Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ​ китоби​ "Камол дар оинаи пажӯҳиш"​ —​ ро ба нашр расонид - 13.08.2020 15:57
Дар шаҳри Бӯстон Рӯзи кормандони соҳаи тибро ҷашн гирифтанд - 13.08.2020 13:08
Гулистон. Ба 70 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ дастрас карда шуд - 13.08.2020 08:45
Дар Хуҷанд ба фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ эҳдо шуд - 13.08.2020 08:42
Исфара. Гардиши хона ба хонаи табибон дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - 13.08.2020 08:40
Дар бинои нави Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд 85 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расид - 12.08.2020 10:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафар кард - 12.08.2020 10:14

«Шарҳи шаст шеъри Фарзона» дастраси хонандагон гардид

( 0 Овоз )

Китоби нави адабиётшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ Матлубаи Мирзоюнус таҳти унвони «Шарҳи шаст шеъри Фарзона» тариқи нашриёти «Ношир» ба тозагӣ дастраси ҳаводорони илму адаби тоҷик гардид.

Тибқи иттилои рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» дар китоб панҷоҳ ғазал ва даҳ шеъри нави Шоираи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Фарзона шарҳ дода шудааст, ки барои дарки ҷаҳони маънавӣ ва андешаву афкори шоир мусоидат мекунад.

Муаллиф дар пешгуфтори китоб менависад, ки ҳини шарҳбандӣ ва тасфир шеърҳое интихоб шудаанд, ки барои «навсафари роҳи адабиёт мушкилфаҳм» аст.

Китоб бо дастгирии молиявии Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба чоп расида, ҳадяи хубе ба мухлисони шеъри Фарзона ва ҳамаи алоқамандони назми муосири тоҷик мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «Шарҳи шаст шеъри Фарзона» дастраси хонандагон гардид