Хабарҳо
Муроҷиатнома ба Кабирӣ - Кобра, Муҳаммадиқбол- Муҳаммади беиқбол, Мирзои Салимпур – ноздонаи ҷонона (вокуниш ба Нидои миллат – филми мустанади “Хиёнат”) - 10.07.2020 17:40
Нақшаи нишастҳои матбуотӣ барои кормандони воситаҳои ахбори омма - 10.07.2020 16:36
Ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2020 - 10.07.2020 16:23
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:43
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти занбӯрпарварони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:46
Дар ноҳияи Деваштич 5400 гектар картошка кишт карда шудааст - 08.07.2020 16:48
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» оғоз бахшиданд - 10.07.2020 13:43
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд - 10.07.2020 13:42
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дӯзандагиро бо 350 ҷойи корӣ ифтитоҳ намуданд - 10.07.2020 13:39

Дар Хуҷанд ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ доир шуд

( 0 Овоз )

Дар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бахшида 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, барқароркунандагони сохти конститутсионии мамлакат ва фаъолон чорабинӣ баргузор гардид.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи иштирокдорони чорабинӣ расонд, ки дар он аз ҷумла зикр гардидааст: “Қабули Конститутсияи нав дар рӯзҳои баргузории Иҷлосияи тақдирсоз пеш аз ҳама барои Тоҷикистон аҳамияти дохилии ҳуқуқтаъсискунӣ, меъёрмуқарраркунӣ ва танзимнамоӣ дошт. Дар муҳокима ва қабули он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст. Сарвари давлат дар мавриди Конститутсияи мо чунин гуфтаанд: «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд».

Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд зимни баромади хеш таъкид дошт, ки қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани ин санади сарнавиштсоз, нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандони мо нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи рўҳияи ватандўстиву худшиносии мардум гардид.

Барномаи фарҳангии санъаткорони шаҳри Хуҷанд бо сурудҳои ҷаззоби ватандӯстона ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Хуҷанд ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ доир шуд