Хабарҳо
Пешвои миллат дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 24.01.2020 16:03
Хуҷанд. Дар мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футбол 30 даста миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд - 24.01.2020 15:58
Имсол тантанаҳои наврӯзӣ дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад - 24.01.2020 16:01
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Спартакидаи варзишӣ оғоз гардид - 24.01.2020 15:56
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 16:35
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 15:54
Нишасти 179-уми маҳфили “Ганҷи сухан” ба 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ бахшида шуд - 22.01.2020 10:33
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид - 22.01.2020 08:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00
Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ - 21.01.2020 11:00

Омӯзиши роҳҳои самаранок истифода бурдани технологияи муосир дар соҳаи маориф

( 0 Овоз )

Дар муассисаи таълимии давлатӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи “Роҳҳои самаранок истифода бурдани технологияи муосир дар соҳаи маориф” семинар-машварат баргузор гардид.

Тибқи нақшаи баргузории семинар-машварат директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия” Киромиддин Назаров дар мавзӯи “Мақсад, вазифа ва самтҳои асосии “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Мавсуф таъкид намуд, ки вобаста ба барномаи мазкур нақша-чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, барои иҷроиш ба раёсат, шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дастрас карда шудааст. Марказ тасмим гирифтааст, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар курсҳои омӯзишии истифодабарии технологияи муосирро барои баланд бардоштани донишу малакаи техникии омӯзгорон ва хонандагон ба роҳ монад.

Баъдан дар қисмати аввали рӯз  маърӯзаҳои сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд Набиҷон Ғаниев дар мавзӯи “Саводнокии баланди иттилоотӣ-коммуникативӣ дар пешрафти ҷамъият”, сармутахассиси бахши сармоягузорӣ ва амволи давлатии шаҳри Хуҷанд Муҳайё Ғафурова оид ба “Тартиби аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосие, ки моликияти давлатӣ мебошанд” ва муовини ректори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд Шавкат Рустамов перомуни “Инноватсия ва технологияи муосир дар такмил додани маҳорати касбии кормандони соҳаи маориф” шунида шуд.

Сипас, дар идомаи семинар-машварат директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди раёсати маорифи шаҳри Конибодом Шодмонҷон Низомиддинова дар мавзӯи “Дастовард, мушкилот ва дурнамои рушди фаъолияти Марказ”, директори литсейи №1 ба номи М. Осимии шаҳри Хуҷанд Моҳира Азимова оид ба “Усул ва методи назорат ба раванди таълим бо истифода аз таҷҳизоти технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ” баромад намуданд. Ҳамчунин директори Маркази ТИК-и назди раёсати маорифи вилояти Суғд Юсуфҷон Домуллоҷонов зимни суханронии хеш перомуни беҳтар намудани сифати таълим тавассути истифодабарии технологияҳои муосир фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошт.

Иштирокчиёни семинар-машварат байни ҳам мубодилаи афкор намуда, пешниҳодҳои худро барои боз ҳам беҳтар намудани раванди таълими технологияҳои муосир баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Омӯзиши роҳҳои самаранок истифода бурдани технологияи муосир дар соҳаи маориф