Хабарҳо
Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ - 21.09.2020 13:20
Ширкат дар интихобот қарзи шаҳрвандии мост! - 21.09.2020 11:47
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи нави дӯзандагии ҶДММ «Нассоҷии Хуҷанд» оғоз бахшиданд - 16.09.2020 09:29
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 16.09.2020 09:32
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази байналмилалии тиҷоратии «Сомон-Плаза»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд - 16.09.2020 10:02
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз «Хона-музей»-и Нозимҷон Усмонов дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан карданд - 16.09.2020 11:08
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз хоҷагии деҳқонии «Деҳқони нав» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуда, ба ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд - 16.09.2020 11:18
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз бахшиданд - 16.09.2020 11:29
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба кишти такрорӣ дар заминҳои ҶСК «Парандапарвар»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз бахшиданд - 16.09.2020 13:56
Ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 - 17.09.2020 12:09

Соли 2022 шаҳри Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо хоҳад шуд

( 0 Овоз )

Тибқи қарори Анҷумани Иттиҳодияи самбои Осиё (ИСО), ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, Чемпионати Осиё оид ба самбо соли 2022 дар шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо, дар ҷаласа намояндагони 22 давлати қораи Осиё иштирок карданд. Президенти Иттиҳодияи самбои Осиё Аламҷон Муллоев зимни баромадаш ба роҳбарияти федератсияҳои миллӣ барои рушди самбо дар қора изҳори сипос намуд.

Ба иштирокчиён, ҳамчунин аз рафти баргузории мусобиқаи самбо дар 18-ум Бозиҳои Осиё дар Ҷакарта (Индонезия), Фестивали ҳунарҳои размӣ дар Чунҷу (Кореяи Ҷанубӣ) ва Чемпионати Осиё дар Деҳлӣ (Ҳиндустон) директори генералии ИСО Суреш Гопӣ гузориш дод.

Дар анҷуман бо дастгирии аъзои он Федератсияи самбои Баҳрайн ба узвияти Иттиҳодияи самбои Осиё қабул гардида, ба федератсияҳои самбои Макао ва Ҳонг Конг мавқеи узви комилҳуқуқи ИСО дода шуд.

Дар қисмати охири ҷаласа маҳали баргузории Чемпионати Осиё оид ба самбо соли 2020 шаҳри Бали (Индонезия), 2021 – Тошканд (Узбекистон), 2022 – Хуҷанд (Тоҷикистон) интихоб шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Соли 2022 шаҳри Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо хоҳад шуд