Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд - 02.07.2020 11:06
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд - 03.07.2020 11:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд - 03.07.2020 13:05
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ду хати нави технологияи истеҳсолиро дар ҶСП «Оби Зулол» мавриди истифода қарор доданд - 01.07.2020 10:16
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Беморхонаи ноҳиявии №5-ро ифтитоҳ намуданд - 01.07.2020 10:19
Президенти мамлакат аз майдони парвариши картошка дар хоҷагии деҳқонии «Шердил»-и ноҳияи Деваштич дидан карданд - 01.07.2020 10:22
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти ҶДММ «Сирдарё» шинос шуданд - 02.07.2020 07:56
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази савдою хизматрасониро ифтитоҳ ва ба ятимон туҳфаҳо тақдим карданд - 02.07.2020 07:57
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд»-ро ба истифода доданд - 02.07.2020 07:58
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Суғдиён»-ро ифтитоҳ намуданд - 02.07.2020 08:52

Гулистон. Ба маблағи 128 миллион доллари амрикоӣ маҳсулот содирот шуд

( 0 Овоз )

Дар нуҳ моҳи соли равон дар корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба маблағи 2 миллиарду 408 миллиону 779 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 19,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Чуноне аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, аз 32 корхонаи саноатии шаҳр 22 адади он афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,0% то ба ду маротиба зиёд намудаанд.

Дар ин давра корхонаҳои саноатии шаҳр бо 22 кишвари ҷаҳон равобити тиҷоратии худро ба роҳ монда, ба маблағи 128 миллион доллари амрикоӣ маҳсулот содирот карданд. Маблағи маҳсулоти воридотӣ ба 23 миллион доллар баробар буда, фарқияти содирот аз воридот 5,6 маротиба зиёд шудааст.

Ба иттилои манбаъ музди маоши миёнаи кормандони соҳаи саноати шаҳр низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 308,5 сомонӣ зиёд шуда, ба 2796 сомонӣ расидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Гулистон. Ба маблағи 128 миллион доллари амрикоӣ маҳсулот содирот шуд