Хабарҳо
Ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби даргузашти Гулназар Келдӣ - 13.08.2020 20:35
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот намуданд - 13.08.2020 16:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд - 13.08.2020 15:59
Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ​ китоби​ "Камол дар оинаи пажӯҳиш"​ —​ ро ба нашр расонид - 13.08.2020 15:57
Дар шаҳри Бӯстон Рӯзи кормандони соҳаи тибро ҷашн гирифтанд - 13.08.2020 13:08
Гулистон. Ба 70 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ дастрас карда шуд - 13.08.2020 08:45
Дар Хуҷанд ба фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ эҳдо шуд - 13.08.2020 08:42
Исфара. Гардиши хона ба хонаи табибон дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - 13.08.2020 08:40
Дар бинои нави Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд 85 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расид - 12.08.2020 10:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафар кард - 12.08.2020 10:14

Хоҷазода Хуршедахон Усмон сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят таъин гардид

( 1 Овоз )

Бо қарори Раиси вилояти Суғд Хоҷазода Хуршедахон Усмон сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъин гардид.

Хоҷазода Хуршедахон Усмон 14 октябри соли 1974 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1994 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (рӯзона) бо ихтисоси омӯзгор ва соли 2003 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Мавсуф фаъолияти худро соли 1995 ба ҳайси бойгоншиноси шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Ленинобод оғоз намуда, сипас дар солҳои гуногун дар вазифаҳои мутахассиси фонди махсуси шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кор кардааст.

Аз соли 2013 то октябри соли 2019 сардори шуъбаи хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хоҷазода Хуршедахон Усмон сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят таъин гардид