Хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани ХIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - 13.12.2019 18:02
Панҷакент. Авҷи корҳои созандагӣ дар иншооти ҷашнӣ - 13.12.2019 14:31
Нишасти 178-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” ба 80-солагии нависанда Баҳром Фирӯз бахшида шуд - 13.12.2019 10:59
Дар шаҳри Конибодом дар мавзӯи «Занон ва интихобот» ҳамоиш гузаронида шуд - 11.12.2019 15:40
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд масъалаҳои ташкили комиссияи шаҳрии интихобот ва миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихоботиро баррасӣ карданд - 11.12.2019 13:24
Дар шаҳри Бӯстон 30 ҳавзаи ҳудудии интихобот таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:22
Ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ - 11.12.2019 13:12
Барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд 70 ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:10
Тақдими автомашинаҳо ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 10.12.2019 16:50
Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия - 10.12.2019 13:26

Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмуни вилоятии «Хомаи созанда - 2019» аз 10 то 30 октябри соли 2019 сурат мегирад

( 1 Овоз )

Ба таваҷҷуҳи кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят расонида мешавад, ки қабули ҳуҷҷатҳо ҷиҳати иштирок дар озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда - 2019» аз 10 то 30 октябри соли 2019 сурат мегирад.

Озмуни вилоятии «Хомаи созанда - 2019» бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» гузаронида шуда, дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Суғд, инчунин журналистоне, ки вилоятро дар расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ намояндагӣ мекунанд, иштирок карда метавонанд.

«Хомаи созанда - 2019» аз рӯи номинатсияҳои “Масъалаҳои марбут ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи саноат”, “Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ” ва “Муаррифии минтақаҳои сайёҳӣ ва анъанаҳои мардумӣ тавассути лавҳаҳои телевизионӣ ва фоторепортаж (маводи видеоӣ ва аксҳо)” гузаронида шуда, ҳар як иштирокчии озмун бояд на кам аз 5 мавод (дар як номинатсия)  пешниҳод намояд. Қабули матолиби журналистие, ки ба номинатсияҳои зикршуда мувофиқат намекунанд, ғайриимкон аст.

Маводи журналистии ба озмуни вилоятии «Хомаи созанда - 2019» пешниҳодшуда  бояд тавассути радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи интернет дар марҳилаи аз 1 январи соли 2019 то 1 октябри соли 2019 пахш ва ё нашр гардида бошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмуни вилоятии «Хомаи созанда - 2019» аз 10 то 30 октябри соли 2019 сурат мегирад