Ҳунармандони Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба Қазоқистон мераванд. Дар ин бора рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ба нақл аз саркоргардони театр Сӯҳроб Шехов иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои манбаъ ҳунармандони театр бо намоишномаи “Табиби паррон” дар Фестивали байналмиллалии Театрҳои касбӣ «Ábish Álemi», ки санаҳои 11-14-уми октябри соли 2019 дар шаҳри Актауи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад, ширкат меварзанд. Намоишнома аз рӯи асраи Ҷ.Б.Молҳер, бо коркарди нависандаи ӯзбек Ш.Бошбеков ба саҳна гузошта шудааст ва ҳунармандон Диловар Султонов, Ҳакимҷон Ахмедов, Сурайё Хӯҷаева, Мирзоумар Мирзоаҳмадов, Дилшод Сайфиддинов, Фаёз Бойматов, Азиза Худойбердиева ва дар саҳнаҳои умумӣ Фирдавс Ҷӯраев, Ҳикматулло Аҳадов, Орифа Ғафурова, Насиба Каримова нақш меофаранд.
Бояд қайд кард, ки ин дувумин сафари намоишномаи «Табиби паррон»-и Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба хориҷи кишвар мебошад.
Ҳунармандони театр дар ҷашнвораи байналмилалии "Наврӯз-2019", ки дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия баргузор шуда буд, иштирок ва сафари хотирмоне доштанд. Дар ин сафар намоишномаи «Табиби паррон» писанди мухлисон гашта, аз ҷониби мутахиссисон баҳои баланд гирифта буд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд