15 октябр – Рӯзи “Асои сафед”. Барои аёдати маъюбони гуруҳи I аз рӯи нобиноӣ 525 900 сомонӣ ҷудо гардид

( 0 Овоз )

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ва бо мақсади ҳифзи иҷтимоию маънавии нобиноён 15 октябр дар вилоят Рӯзи “Асои сафед” ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 2 октябри соли 2019, №415 ба тасвиб расид.

Тибқи қарори мазкур барои аёдати маъюбони гуруҳи I аз рӯи нобиноӣ 525 900 сомонӣ ҷудо гардида, қарор аст то рӯзи ҷашн кӯмакпулиҳо ба 1753 нафар тақдим карда шавад.

Ҳамзамон, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони идораву корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият вазифадор карда шудаанд, ки бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда нобиноёнро бо ғамхории ҳамаҷонибаи моддӣ ва маънавӣ фаро гиранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Share