Дар Панҷакент корхонаи коркарди меваҳои тару хушк - «Зерафшан фрутс» ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳм гузоштан дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои олии стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ –саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳри Панҷакент аввалин корхонаи коркарди меваҳои тару хушк - «Зерафшан фрутс» ба истифода дода шуд.

Тибқи иттилои АМИТ “Ховар” корхонаи мазкур аз тарафи Намояндагии ташкилоти байналхалқии «Oxfam»-и Британияи Кабир дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкорони маҳаллии шаҳри Панҷакент таъсис ёфта, ба истеҳсол, коркард ва бандубасти маҳсулоти мевагӣ, пеш аз ҳама, себ нигаронида шудааст.

Роҳбарияти корхонаи «Зерафшан фрутс» аввал ба тайёр ва коркард намудани себқоқ машғул шуда, дар оянда ният доранд навъҳои гуногуни ангурро хушконида, ба хориҷи мамлакат содирот намоянд.

Айни замон дар корхона 12 нафар бо кор таъмин гардида, дар оянда ин шумора то ба  40 нафар расонида мешавад.

Зимни муаррифии тарҳи корхона зикр шуд, ки «Зерафшан фрутс» айни замон дар як соат то 450-500 килограмм себқоқро коркард мекунад. Ғайр аз ин, дар он ҳоло то як тонна себ дар як соат коркард шуда, тибқи нақша бо насб намудани таҷҳизоти замонавии зарурӣ  ин нишондиҳанда то ба 4-5 тонна расонида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Share