Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 16:35
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 15:54
Нишасти 179-уми маҳфили “Ганҷи сухан” ба 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ бахшида шуд - 22.01.2020 10:33
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид - 22.01.2020 08:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00
Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ - 21.01.2020 11:00
Ғолибони озмуни "Шоҳмотбози беҳтарин" муайян гардиданд - 21.01.2020 10:51
Таъсиси комиссияи вилоятӣ оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи ободониву кабудизоркунии маҳалли зист - 21.01.2020 10:43
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 21.01.2020 10:39
Озмуни вилоятии “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад ​ - 21.01.2020 10:23

Конибодом. Гуруҳи саднафараи ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд ​

( 0 Овоз )

Дар майдони Шоҳ Исмоили Сомонии шаҳри Конибодом ба ифтихори гусели 100 нафар ихтиёриёни аввалин ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомади мазкур, ки бо иштироки роҳбарият ва фаъолони шаҳр, кормандони комиссариати ҳарбӣ ва афсарону аскарони қисмҳои низомӣ, собиқадорон ва даъватшавандагону волидайни онҳо доир шуд, таъкид гардид, ки дар натиҷаи роҳандозии дурусти корҳои мафкуравӣ руҳияи ватандӯстонаи ҷавонони Конибодом пайваста боло меравад ва шумораи ҷавонони бошарафе, ки бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, тадриҷан зиёд мегардад.​

Дар вазъияти тантанавӣ ба як гуруҳ даъватшавандагон-​ хамткунандагони мактаби муттаҳидаи техникии шаҳр шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим гардид.

Ҳунарнамоии санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр, ки дар ин маҳфили хушу хотирмон саҳнаороӣ намуданд, ҷамъомадро шукуҳи тоза бахшид.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Конибодом. Гуруҳи саднафараи ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд ​