Хабарҳо
Муаррифии имкониятҳои вилояти Суғд дар самти истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ​​ - 16.10.2019 17:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд - 16.10.2019 10:10
Шаҳри Гулистон ва ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ нақшаи даъватро иҷро намуданд - 16.10.2019 09:58
Бо ташаббуси соҳибкори бурунмарзӣ дар Хуҷанд корхонаи нави саноатӣ бунёд карда мешавад - 15.10.2019 19:31
АВРУПО: Хонаи озоди ё паноҳгоҳи ҷинояткорон?!! - 15.10.2019 11:37
«Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд - 15.10.2019 08:54
Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 5 миллиарду 456,9 млн. сомониро ташкил дод - 15.10.2019 09:51
Конибодом. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 159 иншоот ба истифода дода шуд - 15.10.2019 09:49
Баргузории тренинги муштарак ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ - 15.10.2019 09:46
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53

Дар ДДХ бахшида ба 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷамъомад баргузор шуд

( 0 Овоз )

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ширкати забоншиносони варзида, омӯзгорони соҳибтаҷриба, муаллифони барномаҳо ва китобҳои дарсӣ мудирони кафедраҳои забоншиносии донишгоҳ, институти бозомӯзии муаллимони вилоят таҳти унвони “"​10 соли рушди забон ва такмили таълими он" ҷамъомад баргузор гашт. Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҷамъомадро ифтитоҳ бахшида, доир ба ҳадаф ва сохтори мизи мудаввари олимони донишгоҳ иборзи назар намуда, илова дошт, ки ин иқдом дар муттаҳидшавии олимону мутахассисон ва тободули дониш, таҷриба, маҳорату малакаи онҳо, ва ба ин васила, ки ба ин васила, дар рушди илм ва баланд бардоштани сифат ва самаранокии таълим заминаи судманд мегузорад.

Ҳамчунин, ректори донишгоҳ доир ба нақши Комиссияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ташаккули сиёсати забон ҳарф зада, баён кард, ки комиссияи фавқуззикр фаъолиятро ба таври густурда ба амалӣ намудани сиёсати давлатии забон нигаронида, корҳои назаррасро иҷро карда истодааст. Чунончи, мутобиқ ба Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барнома (проспект)”–и такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро дар донишгоҳ барои солҳои 2019 – 2021 таҳия намуда, дастраси масъулон гардонид, то ки дар кафедраҳои забоншиносӣ барои танзими барномаи корӣ барои солҳои 2021-2025 омодагӣ гиранд.

Дар идомаи ҷамъомад муовини раиси Комиссияи донишгоҳ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, профессор Абдусаттор Абдуқодиров, мудири кафедраи забони тоҷикӣ, профессор Абдуҷамол Ҳасанзода, мудири шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Зулфониён, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷикӣ, дотсент Шоира Ҳакимова, дотсенти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, Алиҷон Бойматов ва мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус, дотсент Муаззама Комилова доир ба масоили “Қайдҳои Пешвои миллат перомуни ҳусни сухан”, “Фарҳангҳои истилоҳотӣ ва рисолати забони давлатӣ ҳамчун забони илм” ва “Омилҳои инноватсионии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ” маърӯза доштанд.

Баъдан иштирокдорони мизи мудаввар оид ба забоншиносӣ ва такмили таълими забонҳои тоҷикӣ,русӣ, англисӣ ва дигар ҷанбаҳои он табодули андеша намуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар ДДХ бахшида ба 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷамъомад баргузор шуд