Хабарҳо
Муаррифии имкониятҳои вилояти Суғд дар самти истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ​​ - 16.10.2019 17:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд - 16.10.2019 10:10
Шаҳри Гулистон ва ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ нақшаи даъватро иҷро намуданд - 16.10.2019 09:58
Бо ташаббуси соҳибкори бурунмарзӣ дар Хуҷанд корхонаи нави саноатӣ бунёд карда мешавад - 15.10.2019 19:31
АВРУПО: Хонаи озоди ё паноҳгоҳи ҷинояткорон?!! - 15.10.2019 11:37
«Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд - 15.10.2019 08:54
Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 5 миллиарду 456,9 млн. сомониро ташкил дод - 15.10.2019 09:51
Конибодом. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 159 иншоот ба истифода дода шуд - 15.10.2019 09:49
Баргузории тренинги муштарак ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ - 15.10.2019 09:46
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53

Дар маркази вилояти Суғд ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мегардад

( 0 Овоз )

Рӯзҳои 3 ва 4 октябр дар шаҳри Ҳуҷанд ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва коршиносони аршади он баргузор мегардад.

Дар доираи ҷаласа нахуст ҷаласаи 5-уми Гурӯҳи коршиносони сатҳи баланд (HLEG) оид ба сайёҳӣ доир гашта, изҳорот/рӯнамоиҳои кишварҳои узв муаррифӣ мегарданд. Сипас Лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи 3-юми вазирони сайёҳии узви ЭКО, қарорҳои ҷаласаи 2-юми вазирони ЭКО оид ба сайёҳӣ,  Нақшаи амал оид ба сайёҳӣ, таҷдид ва шарҳи Нақшаи амал оид ба экотуризм дар минтақаи ЭКО, Лоиҳаи Стратегияи минтақавии сайёҳии ЭКО, лоиҳаҳои нав дар соҳаи сайёҳӣ, интихоби пойтахти ЭКО оид ба сайёҳӣ, вусъат додани ҳамкории кишварҳои узв дар соҳаи сайёҳии тиббӣ, раводиди ЭКО барои сайёҳӣ, шабакаи операторҳои ЭКО-тур (бастаи ECO Tour), таҳияи Эъломияи Хуҷанд, макони баргузории ҷаласаи навбатӣ, тасдиқи гузориши лоиҳаи ҷаласаи 3-юми вазирон оид ба сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба сайёҳии кишварҳои узви ЭКО мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Боиси зикр аст, ки минтақаи ЭКО бо масоҳати беш аз 8 миллион километри мураббаъ аз марказ ба ҷануб ва ба ҷанубу ғарби Осиё тӯл мекашад ва тақрибан 450 миллион аҳолӣ бо зебоиҳои табииву гуногуншаклии мероси таърихиву фарҳангии худ шинохта шудааст. Аз ин ҷиҳат, он дорои иқтидори бузург ва яке аз минтақаҳои асосии сайёҳии ҷаҳон маҳсуб ёфта, хотираҳои Роҳи қадимаи Абрешимро эҳё мекунад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар маркази вилояти Суғд ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мегардад