Дар шаҳри Исфара ба муносибати гусели даъватшавандагон чорабинии тантанавӣ доир шуд

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Исфара ба муносибати гусели даъватшавандагон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинии мутантан имрӯз, 1 октябр дар маркази шаҳр бо ҳузури фаъолону сокинони шаҳри Исфара доир шуд. Дар маросими гусели даъватшавандагон таъкид гардид, ки беш аз 260 нафар ҷавонони бонангу ор ва боғайрати Исфарамарз ба таври ихтиёрӣ ба коммисариати ҳарбии шаҳр ҳозир шуда, омодагии худро барои адои қарзи фарзандӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан баён доштанд.

Зикр карда шуд, ки аз тарафи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои низомии мамлакат шароити зарурӣ барои сарбозон муҳайё гардида, сафи ихтиёриён сол аз сол афзуда истодааст.

Волидони даъватшавандагон ба фарзандони худ дуои нек дода, изҳори боварӣ намуданд, ки ҷавонмардон хизмати Модар-Ватанро бо сари баланд ба анҷом мерасонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share