Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 16:35
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 15:54
Нишасти 179-уми маҳфили “Ганҷи сухан” ба 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ бахшида шуд - 22.01.2020 10:33
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид - 22.01.2020 08:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00
Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ - 21.01.2020 11:00
Ғолибони озмуни "Шоҳмотбози беҳтарин" муайян гардиданд - 21.01.2020 10:51
Таъсиси комиссияи вилоятӣ оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи ободониву кабудизоркунии маҳалли зист - 21.01.2020 10:43
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 21.01.2020 10:39
Озмуни вилоятии “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад ​ - 21.01.2020 10:23

Дар Хуҷанд​ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии​ Тоҷикистон баргузор мегардад ​

( 0 Овоз )

2 октябри соли 2019, соати 16-00 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд​ маросими кушодашавии​ 7-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии​ Тоҷикистон баргузор мешавад.

Мусобиқаи байналмилалӣ бо ташаббуси​ Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии​ вилояти Суғд аз рӯи ҳафт категорияи вазнӣ миёни мардон: -60кг, -66кг, -73кг, -81кг, -90кг, -100кг, +100кг доир мегардад.

Дар назар аст, ки дар мусобиқа беш аз 250 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Федератсияи Русия иштирок намоянд.

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медалу диплом соҳиби ҷоизаҳои пулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ (ҷои якум), 5000 сомонӣ (ҷои дуюм)​ ва 2500 сомонӣ (барои ду ҷои сеюм)​ мегарданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Хуҷанд​ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии​ Тоҷикистон баргузор мегардад ​