Хабарҳо
Дар Суғд истеҳсоли телевизор ва яхдон ба роҳ монда мешавад ​ - 05.12.2019 16:01
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи коркарди сабзавот ва меваи “Хуҷандагро” - 05.12.2019 15:52
Дар маркази шаҳри Хуҷанд насби арчаи солинавӣ оғоз ёфт - 05.12.2019 14:03
Баргузории даври шаҳрии озмуни “Шириниҳои миллӣ ва муосир” дар Бӯстон - 05.12.2019 10:01
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии интихобкунандагон вохӯрӣ доир шуд - 05.12.2019 10:00
Мубориза бо падидаҳои номатлуб вазифаи аҳли ҷомеа аст - 05.12.2019 09:57
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ ва макони бозии кўдакон дар Хуҷанд - 05.12.2019 09:55
Пирӯзии хонандагони макотиби вилоят дар Олимпиадаи ХI Авруосиёгӣ ва Олимпидаи кушоди умумирусиягӣ - 05.12.2019 09:52
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 04.12.2019 17:37
Мирзораҳматов: Китоби Ҳикматулло Насриддинов фитнаангез аст - 04.12.2019 22:40

Оғози мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Ашт

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

28 сентябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва Ҷамоати деҳоти Понғоз ба мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ оғоз бахшид.

Қабл аз оғози корҳои мумфаршкунӣ Раиси вилоят бо сокинони ҷамоатҳои зикршуда суҳбат намуда, аз вусъати корҳои бунёдкорӣ дар вилоят ёдовар гардид ва иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят наздик ҳафт ҳазор иншооти гуногун сохта мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки дар ин раванд садҳо километр роҳҳои маҳаллӣ низ таъмир гардида, ҳолати роҳҳои деҳоти вилоят низ беҳтар хоҳад шуд.

Бояд зикр кард, ки дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон роҳи маҳаллаи С.Иминҷонов ба масоҳати 5000м2 мумфарш хоҳад шуд ва тибқи лоиҳа барои иҷрои корҳо 270 000 сомонӣ сарф мешавад.

Роҳи маҳаллаи Устоёни Ҷамоати деҳоти Понғоз бошад бо маблағгузории сокинони ҷамоат дар ҳаҷми 450 000 сомонӣ мумфарш мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Оғози мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Ашт