Хабарҳо
Муаррифии имкониятҳои вилояти Суғд дар самти истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ​​ - 16.10.2019 17:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд - 16.10.2019 10:10
Шаҳри Гулистон ва ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ нақшаи даъватро иҷро намуданд - 16.10.2019 09:58
Бо ташаббуси соҳибкори бурунмарзӣ дар Хуҷанд корхонаи нави саноатӣ бунёд карда мешавад - 15.10.2019 19:31
АВРУПО: Хонаи озоди ё паноҳгоҳи ҷинояткорон?!! - 15.10.2019 11:37
«Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд - 15.10.2019 08:54
Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 5 миллиарду 456,9 млн. сомониро ташкил дод - 15.10.2019 09:51
Конибодом. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 159 иншоот ба истифода дода шуд - 15.10.2019 09:49
Баргузории тренинги муштарак ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ - 15.10.2019 09:46
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53

Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба пахтачинӣ баромаданд

( 0 Овоз )

Рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда зиёда аз 150 нафар кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии раиси шаҳр бо мақсади кӯмаки амалӣ расонидан ба марди деҳқон ба ҳашари пахтачинӣ баромаданд.

Ҳашарчиён дар хоҷагии илмӣ-истеҳсолии ба номи Раҳмон Набиеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба чиниши пахта машғул шуда, саҳми назарраси худро дар ғанӣ гардонидани хирмани «тиллои сафед»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузоштанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар як рӯзи ҳашар беш аз 4000 кило пахта ҷамъоварӣ намуданд ва чинакчиёни беҳтарин бо мукофотпулиҳои раиси шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба пахтачинӣ баромаданд