Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 16:35
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 15:54
Нишасти 179-уми маҳфили “Ганҷи сухан” ба 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ бахшида шуд - 22.01.2020 10:33
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид - 22.01.2020 08:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00
Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ - 21.01.2020 11:00
Ғолибони озмуни "Шоҳмотбози беҳтарин" муайян гардиданд - 21.01.2020 10:51
Таъсиси комиссияи вилоятӣ оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи ободониву кабудизоркунии маҳалли зист - 21.01.2020 10:43
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 21.01.2020 10:39
Озмуни вилоятии “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад ​ - 21.01.2020 10:23

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

( 0 Овоз )

Ҳамватанони гиромӣ!

Мардуми фарҳангдӯсту адабпарвари мо дар радифи кулли кишварҳои ҳамҷавор ва дӯсту ҳамзабон бузургдошти мутафаккир ва суханвари тавонои қарни ХII Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамояд. Зеро арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни оламгир ва мероси маънавии халқи тоҷик аз муҳимтарин ҷанбаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, «дар шароити феълӣ, ки бархӯрди тамаддунҳо дар ҷаҳон торафт тезу тунд мешавад, омӯхтан ва таҳқиқ кардани мероси бостонӣ, ҳифзи арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад».

Таъкид кардан бамаврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон зимни суханронӣ дар Донишгоҳи Мавлонои шаҳри Қуния вобаста ба арзиш, мақом, ҷойгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва нақши ӯ дар пайвандҳои адабии халқҳои Тоҷикистону Туркия изҳори андеша карда, аз ҷумла таъкид намуданд: «Мавлавии Румӣ боияи ифтихор ва сарфарозии ҳар яки мо ва умуман тамоми башарият аст. Ва ба яқини комил осори адабӣ ва фалсафию ирфонии ӯ минбаъд ҳам роҳи мову шуморо ба сӯи оянда мунаввар хоҳад кард».

Мақоми шеъри Мавлоно, ки шинохти ҳақиқати зиндагист, дар ташаккули афкору андешаи инсонҳо нақши муҳим дошта, баёнгари рӯҳи тавоно ва сеҳрангезу каломи нотакрори шеъри оламгири тоҷик мебошад, он инсонҳоро ба вадату ягонагӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ даъват менамояд.

Имрӯз каломи сеҳрангези Мавлоно на танҳо дар қаламрави ривоҷи кишварҳои форсизабон, балки дар кулли кишварҳои Шарқу Ғарб фарҳанги миллӣ ва забони тоҷикии модари моро муаррифӣ менамояд. Чунонки Пешвои муаззами миллат таъкид мекунанд, «Мо ифтихор мекунем, ки Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву бедил ва ҳазорон нафари дигар қалби ҷаҳониёнро бо ин забони ноб, яъне забони модариву давлатии мову шумо тасхир кардаанд». Бинобар ин, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои сатҳи ҷаҳонии миллат, ба рукни муҳими фарҳангсозу миллатсоз – забони давлатӣ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи аҳли зиё дар шароити кунунӣ маҳсуб меёбад.

Итминони комил дорам, ки омӯзиши осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ барои тарбияи маънавии аҳли ҷомеа, бахусус насли фардосози миллат аз аҳамияти воло бархурдор буда, дар бунёди ҷомеаи маънавибунёду пешрафта нақши равшан мегузорад.

Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ