Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 16:35
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 15:54
Нишасти 179-уми маҳфили “Ганҷи сухан” ба 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ бахшида шуд - 22.01.2020 10:33
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид - 22.01.2020 08:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00
Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ - 21.01.2020 11:00
Ғолибони озмуни "Шоҳмотбози беҳтарин" муайян гардиданд - 21.01.2020 10:51
Таъсиси комиссияи вилоятӣ оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи ободониву кабудизоркунии маҳалли зист - 21.01.2020 10:43
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 21.01.2020 10:39
Озмуни вилоятии “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад ​ - 21.01.2020 10:23

Баргузории озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон”. Беҳтарин мураббӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат мегирад

( 2 Овоз )

Ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани дониши касбӣ, сайқал додани маҳорат ва таҷрибаи педагогӣ, муайян намудани мураббиёни эҷодкор, паҳн намудани таҷрибаи пешқадам дар вилоят озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон” дар сатҳи баланд доир карда мешавад.

Имсол даври аввали озмуни вилоятӣ дар кӯдакистони рақами 28-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки ғолибони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Деваштич, Зафаробод аз рӯи шартҳои дониш ва маҳорати касбии мураббия, таҳлили ҳолатҳои равонӣ - педагогӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара ​ ва мизи мудаввар доир гардид.

Ба дониш ва маҳорати иштирокчиёни даври аввали озмун ҳайати бонуфузи ҳакамон баҳои воқеӣ гузоштанд. Панҷ нафар беҳтаринҳо мувофиқи хулосаи ҳайати ҳакамон ба даври асосии вилоятӣ роҳхат гирифта, нафари ғолиб дар ин марҳила ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Мурабии соли Тоҷикистон” вилояти моро муаррифӣ хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон”. Беҳтарин мураббӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат мегирад