Хабарҳо
Муаррифии имкониятҳои вилояти Суғд дар самти истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ​​ - 16.10.2019 17:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд - 16.10.2019 10:10
Шаҳри Гулистон ва ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ нақшаи даъватро иҷро намуданд - 16.10.2019 09:58
Бо ташаббуси соҳибкори бурунмарзӣ дар Хуҷанд корхонаи нави саноатӣ бунёд карда мешавад - 15.10.2019 19:31
АВРУПО: Хонаи озоди ё паноҳгоҳи ҷинояткорон?!! - 15.10.2019 11:37
«Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд - 15.10.2019 08:54
Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 5 миллиарду 456,9 млн. сомониро ташкил дод - 15.10.2019 09:51
Конибодом. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 159 иншоот ба истифода дода шуд - 15.10.2019 09:49
Баргузории тренинги муштарак ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ - 15.10.2019 09:46
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53

Хуҷанд. Ба 40 нафар бонувони ҳунарманд грантҳои раиси шаҳр супорида шуд

( 1 Овоз )

Бо мақсади дастгирии занони ҳунарманд аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ба 40 нафар бонувони ҳунарманду эҷодкор гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор ҳамасола грантҳои раиси шаҳр барои бонувони ҳунарманди шаҳр таъсис дода мешавад. Соли ҷорӣ низ қарори раиси шаҳр аз 7 июни соли 2019, №415 “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси шаҳр” ба тасвиб расида, 40 нафар занони соҳибкор, ҳунарманд ва эҷодкор тибқи хулоса ва қарори ҳайати комиссияи грантӣ соҳиби гранти раиси шаҳр шудаанд. Аз чумла 5 нафар дар ҳаҷми 8000 сомонӣ, 10 нафар дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва 25 нафар дар ҳаҷми 3000 сомонӣ грантҳоро дарёфт намуданд.

Зимни супоридани грантҳо ба бонувон таъкид карда шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба хотири вусъат бахшидан ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ дастур доданд ва соҳибкорони хушзавқи вилоят ва шаҳр аввалин шуда, бо ҷонибдорӣ аз ин ҳидояти Сарвари давлат ба ҷорӣ намудани қолинбофии хонагӣ, эҳёи ҳунарҳои миллии сўзанидўзиву адрасбофӣ иқдом намуданд. Бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва касбӣ низ эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, курсҳои махсуси ҳунаромўзӣ, бахусус барои духтарон ба роҳ монда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хуҷанд. Ба 40 нафар бонувони ҳунарманд грантҳои раиси шаҳр супорида шуд