Хабарҳо
Муаррифии имкониятҳои вилояти Суғд дар самти истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ​​ - 16.10.2019 17:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд - 16.10.2019 10:10
Шаҳри Гулистон ва ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ нақшаи даъватро иҷро намуданд - 16.10.2019 09:58
Бо ташаббуси соҳибкори бурунмарзӣ дар Хуҷанд корхонаи нави саноатӣ бунёд карда мешавад - 15.10.2019 19:31
АВРУПО: Хонаи озоди ё паноҳгоҳи ҷинояткорон?!! - 15.10.2019 11:37
«Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд - 15.10.2019 08:54
Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 5 миллиарду 456,9 млн. сомониро ташкил дод - 15.10.2019 09:51
Конибодом. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 159 иншоот ба истифода дода шуд - 15.10.2019 09:49
Баргузории тренинги муштарак ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ - 15.10.2019 09:46
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53

Таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 13
  • Минбаъда

Бегоҳии рӯзи 25 сентябр дар майдони назди Театри мусиқӣ - мазҳакавиии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд чорабинии калони идона баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки ҷиҳати иштирок ба идгоҳ омада буд, нахуст аз раставу хаймаҳои идонаи сокинон боздид намуд ва сипас дар назди ҳозирин суханронӣ карда, сокинони шаҳри Хуҷандро бо Рӯзи шаҳр табрику таҳният гуфт.

Таъкид карда шуд, ки Хуҷанд зодгоҳи лашкаркашони сарбаланд, олимони бузург, ситорашиносони маъруф, муаррихони номвар, ҷуғрофидонону риёзидонон, шоирону нависандагон ва навозандагони мумтоз мебошад. Асосгузори мактаби илми нуҷум Абўмаҳмуди Хуҷандӣ, олим ва орифи шинохта Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ, шоира Маҳастии Хуҷандӣ, бузургони Оли Хуҷанд, қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик, ғазалсарои беҳамтои адабиёти форсу тоҷик Камолиддин Масъуд маъруф ба Камоли Хуҷандӣ, санъаткори беназир Содирхони Ҳофиз, ҷуғрофидон Ҳоҷӣ Юсуфи Хуҷандӣ ва садҳои дигар дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба дунё омадаанд.

Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Хуҷанди бостонӣ боз ҳам ободтару шукуфотар гардида, он ба як шаҳри замонавӣ табдил ёфтааст.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ба сокинони касбу кори гуногун, аз ҷумла Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Саидмурод Ҳоҷиев, устоди дараҷаи байналмилалии варзиш Мирзомуҳиддин Қутфиддинов, собиқадори соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ Музаффар Юнусов, генерал-майори мустаъфӣ Ҷаҳонгир Ӯрунов унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» тақдим карда шуд.

Ҳамзамон ба як гуруҳ олимону адибон ва аҳли фарҳанг, аз ҷумла Нуралӣ Нурзод, Юсуф Насруллоев ва Абдуҳамид Ҷӯраев ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил ва ба Гулноз Тоҳироваю Фирӯза Аюбҷонова ҷоизаи Маҳастии Хуҷандӣ супорида шуд.

Дар охир аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳоди сокинон гардонида шуд ва сарояндагони маҳбуб Нозияи Кароматулло, Бахтиёр Иброҳимов, Муҳаммадрофеъи Кароматулло, Аъзам Болтубоев, Ҳасани Камол, Дилноза Каримова, Дамирбек Олимов ва дигарон бо сурудҳои худ табъи ҳозиронро болида намуданд.

Ҳамзамон Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова низ ҳунарнамоӣ карда, бо сурудҳои худ сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷандро бо Рӯзи шаҳр табрику таҳният гуфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд














Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд