Хабарҳо
Дар Суғд истеҳсоли телевизор ва яхдон ба роҳ монда мешавад ​ - 05.12.2019 16:01
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи коркарди сабзавот ва меваи “Хуҷандагро” - 05.12.2019 15:52
Дар маркази шаҳри Хуҷанд насби арчаи солинавӣ оғоз ёфт - 05.12.2019 14:03
Баргузории даври шаҳрии озмуни “Шириниҳои миллӣ ва муосир” дар Бӯстон - 05.12.2019 10:01
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии интихобкунандагон вохӯрӣ доир шуд - 05.12.2019 10:00
Мубориза бо падидаҳои номатлуб вазифаи аҳли ҷомеа аст - 05.12.2019 09:57
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ ва макони бозии кўдакон дар Хуҷанд - 05.12.2019 09:55
Пирӯзии хонандагони макотиби вилоят дар Олимпиадаи ХI Авруосиёгӣ ва Олимпидаи кушоди умумирусиягӣ - 05.12.2019 09:52
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 04.12.2019 17:37
Мирзораҳматов: Китоби Ҳикматулло Насриддинов фитнаангез аст - 04.12.2019 22:40

Боздиди ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ноҳияи Айнӣ

( 0 Овоз )

Як гуруҳ ҷавонон аз Ҷумҳурии Ҳиндустон бо мақсади омӯзиш ва табодули таҷриба, иштирок дар чорабиниҳои илмию адабӣ, ошноӣ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва боздид аз минтақаҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҷавонони ҳинд дар доираи сафари хеш рӯзи гузашта аз ноҳияи Айнӣ боздид намуданд. Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷавононро бо урфу одат ва фарҳану маданияти водии зархези Зарафшон шинос карда, ба меҳмонон  туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд. Меҳмонон аз боғи фарҳангӣ-фароғатии устод Садриддин Айнӣ, Осорхона ва Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрал боздид намуда, аксҳои хотиравӣ гирифтанд.

Зимни боздид аз мавзеҳои таърихӣ, сайёҳӣ ва мулоқотҳои судманд бо ҷавонон ва фаъолони ноҳия роҳбари гурӯҳи ҷавонони Ҳиндустон Навин Рават барои қабул ва меҳмоннавозии гарму самимӣ миннатдории худ ва ҳамроҳонашро баён сохт.

Ёдовар мешавем, ки сафари ҷавонони ҳинд ба Тоҷикистон 20 сентябр оғоз ёфта, то 27 сентябр идома меёбад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Боздиди ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ноҳияи Айнӣ