Бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 16 сентябри соли 2019, №403 Нақшаи чорабиниҳои асосии тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд тасдиқ карда шуд.
Нақшаи чорабиниҳо бо мақсади ҷоннок намудани чорабиниҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва мудофиавӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи мутахассисон дар муассисаҳои таълимии Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд таҳия шудааст.
Комиссариати ҳарбии вилоят ва Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд вазифадор гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои беҳтар намудани сифати интихоб ва тайёр намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд