Хабарҳо
Муаррифии имкониятҳои вилояти Суғд дар самти истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ​​ - 16.10.2019 17:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд - 16.10.2019 10:10
Шаҳри Гулистон ва ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ нақшаи даъватро иҷро намуданд - 16.10.2019 09:58
Бо ташаббуси соҳибкори бурунмарзӣ дар Хуҷанд корхонаи нави саноатӣ бунёд карда мешавад - 15.10.2019 19:31
АВРУПО: Хонаи озоди ё паноҳгоҳи ҷинояткорон?!! - 15.10.2019 11:37
«Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд - 15.10.2019 08:54
Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 5 миллиарду 456,9 млн. сомониро ташкил дод - 15.10.2019 09:51
Конибодом. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 159 иншоот ба истифода дода шуд - 15.10.2019 09:49
Баргузории тренинги муштарак ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ - 15.10.2019 09:46
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53

Дар машварати кории Раиси вилоят вазъи соҳаи моҳипарварӣ баррасӣ шуд

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

25 сентябр дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид, ки дар он вазъи соҳаи моҳипарварӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода машварати кориро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят ба рушди соҳаи моҳипарварӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Қайд карда шуд, ки дар вилоят 27 хоҷагии моҳипарвар бо масоҳати 158,7 гектар фаъолият дошта, барои афзун намудани истеҳсоли гӯшти моҳӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст.

Сипас, доир ба вазъи соҳаи моҳипарварӣ гузориши муовини Раиси вилоят Рустам Каримзода шунида шуд. Муовини Раиси вилоят зимни ироаи гузориши худ таъкид кард, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи моҳипарварӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст, ки ин омил ба рушди моҳипарварӣ мусоидат менамояд.

Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои рушди соҳа аз имкониятҳо самаранок истифода намуда, соли равон аз Федератсияи Россия 11,5 миллион кирминамоҳии пешонағафс, амури сафед ва сазанро ворид намуд. Кирминамоҳиҳо барои парвариш ва нигоҳубин ба хоҷагиҳои моҳипарварӣ тақсим гардидааст.

Дар вилоят дар асоси барномаҳои давлатӣ соли равон истеҳсоли 295 тонна гӯшти моҳӣ дар назар дошта шуда, ба ҳолати якуми сентябр 113,3 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол карда шудааст.

Таҳлили вазъи соҳа нишон медиҳад, ки на дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бобати истифодаи самараноки қитъаҳои замини барои хоҷагиҳои моҳипарварӣ ҷудогардида тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд. Масъалаи истифодаи самараноки замин дар навоҳии Ашту Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва шаҳри Панҷакент беҳбудиро тақозо менамояд. Масъулини шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Истаравшан, Ҷаббор Расулов, Айнӣ низ бояд баҳри рушди соҳаи моҳипарварӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.

Дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Шаҳристон, Куҳистони Мастчоҳ ва Зафаробод бошад бобати ташкили хоҷагиҳои моҳипарварӣ корбарӣ ҷараён дорад.

Раиси вилоят пас аз таҳлилу баррасии вазъи мавҷуда ба муовини соҳавии Раиси вилоят, масъулини соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагиҳои моҳипарварӣ дастур дод, ки бобати зиёд намудани хоҷагиҳои моҳипарварӣ, истифодаи самараноки заминҳои бо ин мақсад ҷудошуда, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли гӯшти моҳӣ чораҷӯӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар машварати кории Раиси вилоят вазъи соҳаи моҳипарварӣ баррасӣ шуд