Марҳилаи дуюми курси омӯзиши дуалӣ таҳти унвони "Зан-сарвар" оғоз ёфт

( 1 Овоз )

Шуруъ аз 16 сентябр марҳилаи дуюми курси омӯзиши дуалӣ барои тайёр кардани бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони "Зан-сарвар" оғоз ёфт.

Курси омӯзишӣ бо ибтикори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории намояндагии Бунёди Ханнс Зайдел дар Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Қисми назариявии курси омӯзишӣ дар истироҳатгоҳи «Шоҳин», воқеъ дар шаҳри Гулистон сурат гирифта, алҳол 24 нафар шунавандагони курс дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҷриба меомӯзанд.

Ёдовар мешавем, ки курси омӯзишии мазкур аз моҳи июли соли равон оғоз гардида, таҷрибаи аввалин дар ин самт мебошад.

Ташкили курси мазкур барои баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва савияи дониши бонувон мусоидат намуда, дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси хизмати давлатӣ нақши бориз хоҳад гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share