Хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани ХIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - 13.12.2019 18:02
Панҷакент. Авҷи корҳои созандагӣ дар иншооти ҷашнӣ - 13.12.2019 14:31
Нишасти 178-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” ба 80-солагии нависанда Баҳром Фирӯз бахшида шуд - 13.12.2019 10:59
Дар шаҳри Конибодом дар мавзӯи «Занон ва интихобот» ҳамоиш гузаронида шуд - 11.12.2019 15:40
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд масъалаҳои ташкили комиссияи шаҳрии интихобот ва миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихоботиро баррасӣ карданд - 11.12.2019 13:24
Дар шаҳри Бӯстон 30 ҳавзаи ҳудудии интихобот таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:22
Ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ - 11.12.2019 13:12
Барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд 70 ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:10
Тақдими автомашинаҳо ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 10.12.2019 16:50
Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия - 10.12.2019 13:26

Оғози даври вилоятии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Имрӯз дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилоят маросими ифтитоҳи даври вилоятии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуда, иброз дошт, ки рушди соҳаи варзиш таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои ҷалби наврасону ҷавонон ва аҳолӣ ба варзиш тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Аз ҷумла, ташкили мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат намунаи олии таваҷҷуҳи Сарвари давлат нисбати варзиш мебошад. Ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар чор марҳила - дар сатҳи маҳал, деҳа, шаҳрак, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи умумӣ ва махсус, дар сатҳи ноҳия ва шаҳр, дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ва дар сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, фонди ҷоизавиаш 100000 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷудо гардидааст.

Сипас, Раиси вилоят рафти бозии шоҳмотро мушоҳида намуда, ба иштирокчиёни мусобиқа барору муваффақиятҳо таманно намуд. Дар даври вилоятии мусобиқа 100 нафар ғолибони даврҳои қаблӣ иштирок дошта, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Оғози даври вилоятии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат