Хабарҳо
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен - 29.01.2020 17:58
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов - 29.01.2020 16:24
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара - 29.01.2020 15:50
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ - 29.01.2020 13:08
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 27.01.2020 16:21
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада - 25.01.2020 19:25
Фестивали вилоятии «Атласу адрас» гузаронида мешавад - 27.01.2020 11:16
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Боғи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ - 27.01.2020 10:04
Ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ - 25.01.2020 11:56
Пешвои миллат дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 24.01.2020 16:03

Мулоқот бо соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон

( 1 Овоз )

Чанде қабл дар шаҳри Бӯстон бо иштироки роҳбари гуруҳи корӣ дар шаҳри Бӯстон Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода мулоқот бо соҳибкорону тоҷирони шаҳри Бӯстон оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Мулоқот бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода оғоз гардида, номбурда оид ба рафти иҷро корҳо бахшида ба 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд.

Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бӯстон Меҳроҷиддин Муллоев оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҳисобот дод.

Роҳбари гуруҳи корӣ дар шаҳри Бӯстон, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳти роҳнамоиву пуштибонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои худро баён дошта, таъкид кард, ки Истиқлолияти давлатӣ ва гиромидошти он аз ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос тақозо мекунад, ки дар вусъати корҳои ободониву созандагӣ саҳмгузор бошем.

Сипас, роҳбари гуруҳи корӣ аз соҳибкорону саховатмандон баҳри саҳмгузорӣ дар рушди босуботи Ватан даъват ба амал овард.

Дар интиҳо раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода зикр дошт, ки тамоми сокинон ва фаъолони шаҳр баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ва саҳмгузорӣ хоҳанд намуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқот бо соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон