Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 16:35
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 15:54
Нишасти 179-уми маҳфили “Ганҷи сухан” ба 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ бахшида шуд - 22.01.2020 10:33
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид - 22.01.2020 08:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00
Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ - 21.01.2020 11:00
Ғолибони озмуни "Шоҳмотбози беҳтарин" муайян гардиданд - 21.01.2020 10:51
Таъсиси комиссияи вилоятӣ оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи ободониву кабудизоркунии маҳалли зист - 21.01.2020 10:43
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 21.01.2020 10:39
Озмуни вилоятии “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад ​ - 21.01.2020 10:23

Мулоқоти Раиси вилоят бо раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон

( 0 Овоз )

Рӯзи 23 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қудратулло Рафиқовро ба ҳузур пазируфт.

Бояд таъкид кард, ки Қудратулло Рафиқов ва гуруҳи калони меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ​ ҷиҳати иштирок дар семинари минтақавии «Стандартҳои байналхалқии меҳнат дар таҳкими қобилияти муқовиматпазирии ҷомеа ба буҳронҳо ва татбиқи ҳадафҳои меҳнати арзанда» ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев робитаи дӯстонаи кишварҳо дар ҳамаи арсаҳо тақвият ёфта истодааст.

Ҷонибҳо зимни суҳбат таъкид карданд, ки маҳз бо талоши сарони кишварҳо дар таърихи муносибатҳои мардумони тоҷику ӯзбек саҳифаи нав боз гардид ва ба марҳилаи нави ҳамкориҳои дӯстона асос гузошта шуд. Иштироки бевоситаи намояндагони ҳар ду тараф дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии ҳамдигар худ гувоҳи он аст, ки ҷонибҳо хостори густариши ҳамкориҳо мебошанд. ​

Ёдовар бояд шуд, ки Қудратулло Рафиқовро раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим ва мудири бахши Аврупоӣ - Осиёи Марказии ташкилоти байналхалқии меҳнат (МОТ) Сергеюс Гловатскас ҳамроҳӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти Раиси вилоят бо раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон