Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар Кохи «Суғдиён»-и маркази вилоят бо иштироки алоқамандони илму адаб маҳфили идона баргузор гардид.
Дар маҳфил Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ ба самъи ҳозирин расонд. Зикр карда шуд, ки устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз бузургмардон ва фарҳехтагони ҷаҳони шеъру адаб ба ҳисоб рафта, бо назми оламгир ва донишу истеъдоди фақулода дар шинохти ҳақиқати рӯзгор моро панди зиндагӣ додааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҷодиёти шоири беҳамто баҳои баланд дода, чунин гуфтаанд: “Устод Рӯдакӣ, ки воқеан падарсолори шеъри Аҷам ва асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс дониста шудааст, аз ҷумлаи бузургтарин ва барҷастатарин шахсиятҳои таърихии миллати куҳанбунёди мо мебошад”. Мавзуъҳои панду андарз, тарғиби некиву некӯкорӣ, дӯстӣ, хуш гузаронидани умр ва ба муҳтоҷону дармондагон дасти ёрӣ дароз кардан ҷавҳари ашъори Рӯдакиро ташкил дода, барои сарҷамъии мардуми олам хидмати мондагорро анҷом додааст. Андарзҳои устоди назм имрӯз низ мақому маҳбубияти худро побарҷо нигоҳ дошта, дар тарбияи инсонҳои асил, тарғиби ахлоқи шоиста, накӯкорӣ, бо дӯст шоду масрур зистан, илму маърифатро чароғи раҳнамои зиндагӣ қарор додан нақши равшан дорад.
Сипас, Шоири халқии Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш дар бораи бузургдошти шахсият ва кору пайкори устоди тамоми шоирони форсизабони дунё Абўабдуллоҳи Рўдакӣ андешаронӣ намуда, шеъри нави худро дар бораи маликушшуаро қироат намуд. Барномаи фарҳангии аҳли ҳунар ба чорабинӣ шукуҳи хоса зам сохт.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд