Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 16:35
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 15:54
Нишасти 179-уми маҳфили “Ганҷи сухан” ба 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ бахшида шуд - 22.01.2020 10:33
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид - 22.01.2020 08:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00
Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ - 21.01.2020 11:00
Ғолибони озмуни "Шоҳмотбози беҳтарин" муайян гардиданд - 21.01.2020 10:51
Таъсиси комиссияи вилоятӣ оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи ободониву кабудизоркунии маҳалли зист - 21.01.2020 10:43
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 21.01.2020 10:39
Озмуни вилоятии “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад ​ - 21.01.2020 10:23

«ПАЙМОНИ МИЛЛӢ» – ФАНОИ НИҲОИИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ». Чунин арзёбӣ намуд узви ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллои Раҳнамо дар ҳошияи нишасти САҲА дар Варшава

( 0 Овоз )

«Паймони миллии Тоҷикистон» — фанои  ниҳоии ҲНИ аст». Чунин  ибрози назар намуд узви ҳайати давлатии Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти САҲА дар Варшава Абдуллои  Раҳнамо дар посух ба  савол дар бораи «Паймони миллии Тоҷикистон».

Абдуллои Раҳнамо гуфт: «Дар «Паймони миллӣ»-е, ки мухолифон ташкил кардаанд, ман на паймонро мебинам, на миллиро. Зеро Паймон ҳолатест, ки чанд ҳизбу гурӯҳ ба ҳам омада,  ташкил медиҳанд. Аммо ба ном «Паймони миллӣ»-и мухолифин  танҳо аз чанд ном, номи ба истилоҳ  «устодон» ташкил ёфтааст, ки он созмон буда наметавонад.  Чунин ном ноҳодан ба ҷамъи чанд тан аз ҳамроҳони худ – ин фиреби назар аст. Миллӣ будан ба маънои фарогир будан аст. Вале дар ин ҷо ин ҳолат дида намешавад…».

Ба назари Абдуллои Раҳнамо, ин як лоиҳаи тиҷоратӣ аст, ки ҳадафаш ба даст овардани маблағ аз созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои гуногун, пеш аз ҳама, кишварҳои хориҷии пуштибони наҳзатиҳост. Ба ин далел ӯ мегӯяд, ки ин лоиҳаи тиҷоратӣ буда,  заминаро барои  ба даст овардани грантҳо ва маблағҳо фароҳам мекунад.

Узви ҳайати давлатии Тоҷикистон ба ин бовар аст, ки «аз назари ақидавӣ ва маънавӣ таъсиси паймон — ин фанои  ниҳоии ҲНИ аст. Зеро ҲНИ аз назари ҳуқуқӣ кайҳо аз байн рафта буд, аммо аз назари сиёсӣ ва иттилоотӣ ҳанӯз  онро дар фазои иттилоотӣ нигоҳ медоштанд. Таъсиси «Паймони миллӣ» далели он аст, ки раҳбарияти паймон ҳизби худро ба осорхонаи таърих  супориданд. Яъне ҲНИ ҳамчун ҳизби сиёсӣ мурда ва аз байн рафтааст ва Паймони миллӣ як навъ санги мазори ин ҳизб аст. Зеро имрӯз ҷаҳониён моҳияти ин ҳизб, собиқаи ин ҳизб ва дидгоҳи ифротии ин ташкилоти террористиро медонанд ва касе омода нест, ки онро маблағгузорӣ кунад.  Ва наҳзатиён бо хиҷолат  ин номро баргузидаанд».

Аз суханони Абдуллои Раҳнамо бармеояд, ки Паймони миллиро метавон дар Тоҷикистон пайдо намуд, дар ваҳдати саросарии мардум, муттаҳид шудани аҳолӣ дар атрофи ниятҳои неку бунёдкоронаи Пешвои миллат дарёфт.  «Паймони миллӣ — сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун аст, зеро бо неруи созандаи мардуми тоҷик бунёд ёфта истодааст.  Сулҳу суботи пойдор, ҷабҳаи бузурги созандагию ободкориҳои Тоҷикистон   — ин худ як Паймони ҳақиқии миллӣ  маҳсуб мешаванд», — иброз дошт Абдуллои Раҳнамо.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «ПАЙМОНИ МИЛЛӢ» – ФАНОИ НИҲОИИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ». Чунин арзёбӣ намуд узви ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллои Раҳнамо дар ҳошияи нишасти САҲА дар Варшава