Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 16:35
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 15:54
Нишасти 179-уми маҳфили “Ганҷи сухан” ба 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ бахшида шуд - 22.01.2020 10:33
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид - 22.01.2020 08:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00
Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ - 21.01.2020 11:00
Ғолибони озмуни "Шоҳмотбози беҳтарин" муайян гардиданд - 21.01.2020 10:51
Таъсиси комиссияи вилоятӣ оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи ободониву кабудизоркунии маҳалли зист - 21.01.2020 10:43
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 21.01.2020 10:39
Озмуни вилоятии “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад ​ - 21.01.2020 10:23

26 сентябр Фестивали байналмилалии таронаҳои дӯстӣ таҳти унвони “Дастархони суғдӣ” баргузор мегардад

( 0 Овоз )

26 сентябр бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи таҷлили 85-солагии аз чоп баромадани нахустшумораи рӯзномаи вилоятии “Согдийская правда” Фестивали байналмилалии таронаҳои дӯстӣ таҳти унвони “Дастархони суғдӣ” гузаронида мешавад.

Тибқи иттилои сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Согдийская правда” Исоқҷон Зокиров фестивали мазкур бо мақсади таҳким бахшидан ба арзишҳои фарҳангӣ, рушду нумӯи минбаъдаи санъати мусиқӣ, густариши робитаҳои миллату халқиятҳои ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷи дур, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир хоҳад шуд.

-Дар фестивал ҳунармандони соҳаи эстрада ва санъаткорон аз давлатҳои Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин иштирок менамоянд ва бо нуҳ забони олам суруду таронаҳо пешниҳод мегардад, -афзуд И.Зокиров.

Макони баргузории чорабинӣ Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ интихоб шудааст ва дар анҷоми фестивал ба ғолибону иштирокчиёни аз тарафи кумитаи тадорукот Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида мешавад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд 26 сентябр Фестивали байналмилалии таронаҳои дӯстӣ таҳти унвони “Дастархони суғдӣ” баргузор мегардад