Бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 19 сентябри соли равон дар қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон даври аввали Фестивали «Ҷилваи рангҳо» доир гардид.
Фестивали мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 22 августи соли 2019 баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории фестивали мазкур тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, рушди соҳаи саноати сабук, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ мебошад.
Фестивал аз рӯи бахшҳои «з рӯи бахшҳои “Беҳтарин либоси қадима ва муосири кӯдакону наврасон”, “Беҳтарин либос барои персонажҳои афсонавӣ”, “Беҳтарин либосҳои рӯзмарраи духтарон ва занон”, “Беҳтарин либос барои ҷавонон, мардон ва мӯйсафедон”, “Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона”, “Беҳтарин либоси расмӣ”, “Беҳтарин либоси фароғатӣ” ва “Беҳтарин либос барои хона ва корхона” сурат гирифта, дар он зиёда аз 90 нафар духтарон ва бонувони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.
Ба ғолибони фестивал сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд ва беҳтаринҳо ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд