Хабарҳо
Ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 04.08.2020 14:26
Барои идомаи сохтмони хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб дар марҳилаи аввал 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст - 04.08.2020 09:54
6 август дар Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мешавад - 04.08.2020 09:50
Хуҷанд: Тақдими 150 адад либосҳои мактабӣ ба хонандагони ятиму камбизоат - 04.08.2020 09:45
Оғози корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ворух - 04.08.2020 09:41
Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод - 03.08.2020 23:23
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 15:11
Таҷрибаи оилаи Эмомовҳо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ аст - 03.08.2020 15:09
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ дар ноҳияи Спитамен - 03.08.2020 14:38
Шиносоии Раиси вилоят бо тарзи истифодабарии замини хоҷагиҳои ёрирасон - 03.08.2020 14:29

Дар Конибодом даври шаҳрии Фестивал-озмуни "Чилваи рангҳо" гузаронида шуд

( 0 Овоз )

18 сентябри соли ҷорӣ дар қасри фарҳанги "Бодом"-и шаҳри Конибодомдаври шаҳрии Фестивал-озмуни "Чилваи рангҳо" баргузор гардид.

Дар фестивал тарроҳони моҳир аз Литсейи касбии саноати дӯзандагӣ, коллеҷи технологӣ, раёсати маорифи шаҳр,  кӯдакистони 4 маҳсули ҳунари худро ба намоиш гузоштанд. Иштирокдорони фестивал аз рӯи бахшҳои “Беҳтарин либоси қадима ва муосири кӯдакону наврасон”, “Беҳтарин либос барои персонажҳои афсонавӣ”, “Беҳтарин либосҳои рӯзмарраи духтарон ва занон”, “Беҳтарин либос барои ҷавонон, мардон ва мӯйсафедон”, “Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона”, “Беҳтарин либоси расмӣ”, “Беҳтарин либоси фароғатӣ” ва “Беҳтарин либос барои хона ва корхона” либосҳои омодонамудаи худро пешниҳоди ҳакамон намуданд.

Дар анҷом ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ ва дипломҳои дараҷавӣ супорида шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки Фестивали вилоятии “Ҷилваи рангҳо” бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, рушди соҳаи саноати сабук, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ гузаронида шуда истодааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Конибодом даври шаҳрии Фестивал-озмуни "Чилваи рангҳо" гузаронида шуд