Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ, ки ҳамасола санаи 22-юми сентябр таҷлил мешавад, дар макотиби таҳсилоти миёнаи шаҳри Хуҷанд озмуни «Рӯдакихонӣ» баргузор карда шуд.
Дар даври ҷамъбастии озмун зиёда аз 30 нафар хонандагони фаъол иштирок ва порчаҳо аз асарҳои қофиласолори адабиёти тоҷику форсро дар ҳузури ҳакамот қироат намуданд.
Аъзои ҳакамот ба тарзи қироат, интихоби асар ва маҳорати хонандагон баҳо дода, ғолибонро муайян намуданд. Ҳамин тавр, дар натиҷаи қувваозмоӣ Мадина Ботурова хонандаи синфи 6-и МТМУ №23 ва Ҳайдар Ҷӯраев муҳассили МТМУ №18 дар даври ниҳоии озмуни «Рӯдакихонӣ» мақоми аввалро соҳиб гардиданд.
Дигар иштирокчиёни озмун - Мубина Ахмедова (МТМУ №21), Бахтовар Ғаффорӣ (мактаби хусусии Пӯлотов) ва Ризвони Абдурашид ҷойи дуюм ва Омина Нозимова (МТМУ №10), Шарифа Кенҷаева (гимназияи №4) ва Шаҳноза Пӯлотова (МТМУ №11) зинаи сеюмро ишғол намуданд.
Ба ғолибон аз тарафи намояндагони шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд диплом ва Сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд