Хабарҳо
Муаррифии имкониятҳои вилояти Суғд дар самти истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ​​ - 16.10.2019 17:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд - 16.10.2019 10:10
Шаҳри Гулистон ва ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ нақшаи даъватро иҷро намуданд - 16.10.2019 09:58
Бо ташаббуси соҳибкори бурунмарзӣ дар Хуҷанд корхонаи нави саноатӣ бунёд карда мешавад - 15.10.2019 19:31
АВРУПО: Хонаи озоди ё паноҳгоҳи ҷинояткорон?!! - 15.10.2019 11:37
«Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд - 15.10.2019 08:54
Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 5 миллиарду 456,9 млн. сомониро ташкил дод - 15.10.2019 09:51
Конибодом. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 159 иншоот ба истифода дода шуд - 15.10.2019 09:49
Баргузории тренинги муштарак ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ - 15.10.2019 09:46
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53

Ифтитоҳи маркази саломатӣ ва дармонгоҳи дандонпизишкӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент

( 0 Овоз )

Дар доираи сафари кории худ ба водии Зарафшон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нимаи дуюми рӯзи 11 сентябр ба шаҳри Панҷакент ташриф овард.

Боиси зикр аст, ки дар шаҳри Панҷакент бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри истиқболи шоистаи ҷашнҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразми бостонӣ корҳои ободониву созандагӣ ҷараён дорад.

Мардум бо эҳсоси баланди ватандорӣ дар ободу зебо гардонидани маҳал саҳмгузорӣ намуда, дар шаҳру деҳот сохтмону таҷдиди иншооти гуногуни иҷтимоӣ идома дорад. Дар аснои сафар Раиси вилоят аз деҳаҳои Дашти Қозӣ ва Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ ва деҳаи Сӯҷинаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷина боздид намуда, бо сокинони деҳот суҳбатҳои самимӣ анҷом дод ва дар маросими ифтитоҳи чанд иншоот иштирок кард.

Раиси вилоят аз ҷумла дар деҳаи Ёрӣ дармонгоҳи дандонпизишкӣ ва дар деҳаи Дашти Қозӣ бинои маркази саломатиро мавриди истифода қарор дода, бо сокинони ин деҳаҳо мулоқот кард. Дар аснои мулоқот таъкид карда шуд, ки бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмону азнавсозии иншооти муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла иншооти соҳаи тандурустӣ идома дошта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ сол аз сол беҳтар гардида истодааст.

Дармонгоҳи дандонпизишкӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шуд, дар истифодаи умум қарор гирифт. Минбаъд сокинони маҳал метавонанд бидуни харҷи зиёдатӣ аз хизматрасониҳои дармонгоҳ истифода баранд.

Маркази саломатии деҳаи Дашти Қозӣ бошад дорои 11 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷра барои гузаронидани хатна, ҳуҷраи таваллуд ва пас аз таваллуд, ташхисгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Тибқи иттилои масъулини шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Панҷакент бо бунёди марказ имкон фароҳам оварда шуд, ки ба наздик 7 000 нафар сокинон хизматрасониҳои тиббӣ расонида шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи маркази саломатӣ ва дармонгоҳи дандонпизишкӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент