Дар ноҳияи Айнӣ коргоҳи дӯзандагӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва толори варзишӣ ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

Дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Чуноне аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, дар деҳаи Ғабируди Ҷамоати деҳоти Анзоб коргоҳи дӯзандагӣ, сартарошхона ва кошонаи ҳусн ифтитоҳ гардид. Иншооти мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкор Амир Ҷӯраев бунёд гардидааст.

Дар деҳаи Марзичи Ҷамоати деҳоти Анзоб бошад як толори варзишӣ ба истифода шуд. Толори варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и деҳа ҷойгир буда, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардидаааст.

Ба иттилои манбаъ ҳамчунин аз тарафи соҳибкори ватандӯст  Маҳмадсолеҳ Солеҳов роҳи мошингард аз деҳаи Такфон то деҳаи Ремони Ҷамоати деҳоти Анзоб таъмир ва азнавсозӣ карда шуд. Дарозии ин роҳ он шаш километрро ташкил медиҳад ва дар рафти азнавсозию барқароркунии роҳ қариб дар бист нуқта корҳои таркишӣ ба амал оварда шуд. Дар натиҷа роҳ хеле васеъу ҳамвор гардида, тавассути он айни ҳол ду мошин ҳаракат карда метавонад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share